ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ МУШТАРАКИ ҒАЙРИНАВБАТИИ АРАБИЮ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ РИЁЗ

ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ МУШТАРАКИ ҒАЙРИНАВБАТИИ АРАБИЮ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ РИЁЗ

12 ноябр 2024, Сешанбе
3
0

 
11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба ҷониби  Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин Саммит изҳори сипос карданд.
Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ, барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив