ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ПОЙИ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

ВМКБ.  ПОЙИ ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

12 ноябр 2024, Сешанбе
20
0


Зимни суханронӣ дар мулоқоти анқариб  бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда бештар аз 3 баробар зиёд мебошад. Дар муддати 75 соли замони шуравӣ ба сокинони вилоят ҳамагӣ 1200 гектар замин тақсим шуда буд. Аҳолии вилоят аз 172 ҳазори соли 1991 ба беш аз 230 ҳазор дар соли 2023 расид. То имрӯз дар масоҳати беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд. 
Сафари Роҳбари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин дафъа аз ноҳияи Рӯшон шуруъ гашт ва дар ин ҷо Пешвои миллат дар баробари мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодидошта бо лоиҳаи ангоравии  бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ  шинос шуданд.  Сохтмони ин бино дар арафаи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар маркази ноҳия оғоз ёфта буд. Сарвари мамлакат зарурати бунёди иншоотро таъкид карда, барои босифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри муосири шаҳрсозӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад.   Дар ҷараёни ин сафар, инчунин, дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои даҳошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2023 маҳз бо дастури Пешвои миллат оғоз ёфт ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расид. Бино бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд ва ба ин мақсад 75 миллион сомонӣ масраф гардида, дар он барои зисту зиндагӣ шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст. Бино 154 манзили истиқоматии барҳаво дошта, 56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Пешвои миллат ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 хона ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ тақдим гардид. 
Дар хиёбони марказии шаҳри Хоруғ Сарвари давлат бинои истиқоматии 15-ошёнаро мавриди истифода қарор доданд, ки он аз 128 манзили як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст. Ин бино айни замон аз баландтарин иншоот дар маркази вилоят буда, бо маблағгузории бахши хусусӣ бунёд гардидааст. Зимни супурдани калидҳои манзили истиқоматӣ ба истиқоматкунандагони бино Пешвои миллат зикр намуданд, ки раванди созандагӣ ва бун-ёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ минбаъд низ дар асоси нақшаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Кӯҳистони Бадахшон, бахусус дар маркази он, идома меёбад. 
Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаи саноатӣ ба истифода доданд.  Президенти мамлакат ба фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар  бунёди Парки технологӣ саҳми бориз гузоштанд, баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ин иқдоми соҳибкорон лоиқи дастгирии минбаъда мебошад. 
Дар умум, дар 9 моҳи соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42 коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Аз дафтари иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи  раиси  ВМКБ иттилоъ доданд,  ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳо 6,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, бунёду навсозии зиёда аз ду ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ гардид. Танҳо дар 8 моҳи соли равон сармоягузорӣ ба сохтмони асосии вилоят 600 миллион сомониро ташкил додааст. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив