ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ОРИФЕ АЗ ХОВАЛИНГ”

“ОРИФЕ АЗ ХОВАЛИНГ”

12 ноябр 2024, Сешанбе
39
0


Маҷид Салим, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, аз зумраи нависандагони сермаҳсул ба шумор меравад. Бештар дар бораи олами ҳайвонот, табиати пурасрори кишварамон менависад ва дар ин хусус китобҳои зиёд ба табъ расондааст.

Китоби нави ӯ, ки чанде пеш  нашр гардид, “Орифе аз Ховалинг” номгӯзорӣ шуда, ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва орифи давр Мирзо Бозор, мутахаллис ба Хотир бахшида шудааст.
Хотир соли 1804 дар деҳаи Хосиёни Ховалинг дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш мегирад ва баъд таҳсилро дар Ҳиндустон идома мебахшад. Бо баргаштан ба зодгоҳаш дар боло бурдани сатҳи донишу маърифати мардуми минтақа саҳми арзанда мегирад.
Соли 1885 дунёро падруд мегӯяд. Аз ин орифу шоир Девоне ба ёдгор мондааст, ки иборат аз 400 ғазал, силсилаи рубоиёт, қатъаот, мухаммасот, соқинома, муфрадот ва марсия мебошад. Чанд сол пеш онро Ибодуллоҳи Оқилпур таҳия ва ба нашр расонда буд. Ба қиссаи Маҷид Салим низ ӯ сарсухан навиштааст.
Мавзуи ашъори Мирзо Бозор гуногун буда, онҳо идомабахши адабиёти пешини мо маҳсуб мешаванд. Ин чанд пора намуна аз шеърҳои сурудаи ӯ аст:
Бо тарҳи бисоти худ ба ҳар дида баҳор,
Булбул ба ҳавои дилхушӣ гашта дучор.
Бо булбули озурда дигар боз омад,
Ин нолаву ин зориву ин гул ба канор.
Ва ҳам:
Ба вақти рахт бастан дарду ҳасрат хоҷаро пеш аст,
Кафи афсус як сӯву ҷудо гаштан зи тан як сӯ.
Ва ё:
Бо силоҳи шодмонӣ бар сари ғам тохтам,
Ғофил аз фурсат набудам дӯш, шабгирам кӣ кард?
Тавре аз ин намунаи ашъори Хотир бармеояд, ба эҷоди шоирони классик, аз ҷумла Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил бештар майлу рағбат дошта, ба онҳо дар гуфтани шеър пайравӣ мекардааст.
Ҳамин тавр, қиссаи нави Маҷид Салим дар бораи ин шоиру ориф, хосса зиндагиву эҷоди он маълумот медиҳад. Асар марғубу ҷолибу хонданӣ мебошад ва ба услуби хоси нависанда аз қиссаҳои дигари адибон тафовут дорад. Он туҳфаи хубест барои хонандагон ва алоқамандони Мирзо Бозор. 

Абдулқодири РАҲИМ,   
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.11.2024 №: 225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив