ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХОНАОБОДОН». БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲИ НАВ ДАР ВМКБ

«ХОНАОБОДОН». БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲИ НАВ ДАР ВМКБ

13 ноябр 2024, Чоршанбе
28
0


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи осоишгоҳҳои табобатию фароғатӣ сол ба сол меафзояд. Дар ҳамин радиф, дар деҳаи Чашмасори деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон боз як осоишгоҳи нав бо номи «Хонаободон» ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Амид Симаков бунёд гашт. 

Иқдоми мазкур, агар аз як тараф ҷиҳати беҳтар гардидани инфрасохтори соҳаи сайёҳии бахши хусусӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар барои солимии аҳолӣ равона гардида, дар он имконияти хуби табобат мавҷуд аст. Оби табиӣ, ки аз қаъри замин гарм хориҷ мешавад, ба  бемориҳои гуногун даво мебошад.
Бо мақсади қабули меҳмонон ва сокинони кишвар дар осоишгоҳи мазкур хизматрасонии муосири табобатӣ дар ҳама фасли сол ба роҳ монда шудааст. Осоишгоҳ дорои бинои барҳаво бо ҳуҷраҳои бароҳат, системаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино мебошад, ки ин дар шароити кӯҳистон хеле муҳим аст. Ҳамчунин, дар осоишгоҳ ҳуҷраҳои   муолиҷавӣ, ошхона, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар шароити табобатӣ фароҳам оварда шудааст. 
Амид Симаков изҳор дошт, ки мо, сокинони ин минтақаи баландкӯҳи кишварамон низ, дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар пайваста кӯшиш менамоем, то дар ободии диёрамон саҳмгузор бошем. 
Пешбурди  зиндагии сокинони деҳаи Чашмасор бештар ба фаъолияти осоишгоҳҳо рабт дорад, аз ин рӯ, теъдоди онҳо сол ба сол меафзояд. Номи Чашмасор гирифтани ин деҳа низ беҳуда нест, зеро дар ин ҷо чашмаҳои шифобахши табиӣ зиёд буда, сокинон аз онҳо самаранок истифода мебаранд. 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив