ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ БУНЁДКОРИҲО

СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ БУНЁДКОРИҲО

13 ноябр 2024, Чоршанбе
37
0

 

Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ вусъат меёбанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарию дастгирии раиси вилояти Суғд ба ободонии роҳҳои дохилӣ ва берунии шаҳру ноҳияҳои вилоят диққати махсус дода мешавад.

Соли равон дар вилоят, тибқи нақша, таъмири 2077 км роҳ, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км, гузарондани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ дар назар аст. Бо дастгириҳои Вазорати нақлиёт, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, саҳмгузории соҳибкорону сокинони ватандӯсти вилоят дар нуҳ моҳи соли равон 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд. Аз миқдории умумии роҳҳои таъмиршуда 483,4 км таъмири асосӣ, 915,6 км таъмири ҷорӣ ва 767,4 км шағалпӯш гардиданд.
Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилоят 52 иншооти соҳаи маориф  мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 11 толор ва майдончаи варзиш мавриди истифода қарор гирифта, шароити таълиму тарбия беҳтар шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, хабар дод.

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Ифтитоҳи бинои иловагии МТМУ №21
Дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо маблағгузории Ҷопон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ба истифода дода шуд, ки барои бунёди он 120 ҳазору 380 доллари ИМА сарф гардид.  
Бино аз панҷ синфхонаи иловагӣ бо маҷлисгоҳ барои 70 нафар иборат буда, барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд шуда, синфхонаҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо таҷҳизоту аёниятҳои дарсӣ, мизу курсӣ, тахтаи синф ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин  гаштанд. Дар Муассиса 64 омӯзгор фаъолият бурда, толибилмонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоянд. 

 
Дар маросими кушодашавии бинои иловагии МТМУ №21 роҳбарияти ноҳия, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок доштанд.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.11.2024 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив