ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «СИФАТ САНОАТ». ҲАДАФ – БЕҲСОЗИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

«СИФАТ САНОАТ». ҲАДАФ – БЕҲСОЗИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

14 ноябр 2024, Панҷшанбе
26
0

 
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ карда истодаанд, ки мужда аз фазои ободу ороми кишвар медиҳанд. Хуб аст, ки саноатчиёни кишвар ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси ҷавону шаҳрсоз муҳтарам Рустами Эмомалиро сарчашмаи кори худ қарор дода, барои зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд. Яке аз чунин нафарон Ҳокимшоҳ Идиев аст, ки миёни иқтисодчиёну саноатчиён бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ном баровардааст. Ин соҳибкори ватандӯсту кордон дар татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму ояндасози Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръат нақши шоён дорад.  ҶДММ «Сифат саноат», ки роҳбариашро ӯ ба уҳда дорад, яке аз корхонаҳои муваффақи саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.

100 БОНУ БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН АСТ 
«Сифат саноат» соли 2017 бо чанд нафар бонуи соҳибҳунар ба фаъолият оғоз намуд ва дар муддати кӯтоҳ ба корхонаи бузурге табдил ёфт. Ҳоло ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар корхона 100 бонуи соҳибҳунар пайи бароварда сохтани ниёзҳои мизоҷон буда, бо  маоши хуб таъминанд. 
Сарвари корхона Ҳокимшоҳ Идиев шахси кордону ҷаҳондида аст ва аз ин лиҳоз, пайваста тарҷибаи кишварҳои хориҷиро меомӯзаду навовариҳоро дар амал татбиқ менамояд: таҷҳизоти нав ворид сохта, технологияи муосири дӯзандагиро роҳандозӣ мекунад. Тадриҷан сафи кормандони ин корхонаро меафзояду шароити кории беҳтарро фароҳам меорад. 
«Мо – саноатчиён, бояд дар бартараф сохтани мушкилоти кадрии соҳа бетараф набошем. Малакаю таҷрибаи худро ба насли ҷавон омӯзонем, то онҳо рушди соҳаро таъмин намоянд. Тоҷикистон барои рушди саноати сабук заминаи устувор дорад: пахта дорем, корхонаҳои калони дӯзандагӣ низ. Танҳо бояд бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ин имкониятҳоро самаранок истифода барем. Барои амалӣ намудани чунин ҳадафҳо омода кардани мутахассис лозим меояд, зеро корро шахси кордон пеш мебарад», – ибрози андеша мекунад сарвари корхона. 

БАРДОШТ АЗ САФАРИ ЭРОН 
Кормандони «Сифат саноат» ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 талош мекунанд, то ҳиссаи худро дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ гузоранд. Умуман, корхона дар баробари либосҳои тиббӣ, инчунин, комбизонҳои муҳофизатии бисёркарата, нимтанаву дигар намуди либосро барои ҳамаи соҳаҳо омода месозад. 
Дар баробари ин, роҳбарияти корхона ба кишварҳои хориҷӣ сафар намудаву ҳам истеҳсолоти ватаниро муаррифӣ менамояд ҳам табодули таҷриба мекунад. 
Ҳокимшо Идиев аз ҳамроҳӣ дар сафари расмии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср ва дидору мулоқот бо соҳибкорони мисрӣ, инчунин, иштирок дар дигар форуму анҷуманҳо ёд оварда, аз фазои муҳайёнамудаи Ҳукумати кишвар барои соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуд ва иброз дошт: 
– Ростӣ, бароям хотирмонтарин ҷамъомад иштирок дар ҳошияи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба Ҷумҳурии Исломии  Эрон аст, ки бо соҳибкорони ин кишвари ба мо дӯсту бародар якчанд созишномаҳои судманди ҳамкорӣ ба имзо расонда шуда, фазои муносиб барои густариши ҳамкориҳо фароҳам оварда шуд. Як нукта боиси зикр аст, ки дар густариши равобити иқтисодӣ ҳам робитаҳои мустаҳками адабиву фарҳангӣ замина мегузоранд. Дар мулоқоти тоҷирони тоҷику эронӣ зимни суханронӣ бо забони ширину равони тоҷикӣ ва овардани шоҳбайт аз осори ҳаким Фирдавсӣ аҳли толор моро хеле гарм пазируфтанд. 

ҲАДАФ: БЕҲСОЗИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ 
Баробари ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳо, Ҳокимшоҳ Идиев шахси некманиш аст. Дар пайравӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаю хайрхоҳонаро пеш мегирад. Ин амалҳои ҷавонмардонаи Ҳокимшоҳ Идиев дар айёми авҷи бемории ҳамагири коронавирус бештар ба назар расиданд. Дар давраҳои мушкил то ҳадди тавон на танҳо муассисаҳои тиббии пойтахт, балки ҷумҳуриро бо рахти хоб ва либоси муҳофизативу ниқоб таъмин кардаву мекунад ва инро қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобад. Гузашта аз ин, дари «Сифат саноат» ба рӯи тамоми бонувони ҳунарманд боз асту таҷрибадорони корхона ба навкорон нозукиҳои ин пешаро меомӯзанд, ки бархеи онҳо оянда корманди ин корхона шаванд, баъзеи дигар ин касбро дар хона идома медиҳанд. Ба ин восита, «Сифат саноат» дар беҳтар гардидани вазъи зиндагии бонувони зиёде саҳм мегирад.

ВАҚТЕ РОҲБАР ДАСТГИР АСТ 
Дар маҷмуъ, «Сифат саноат» дар рушди саноати сабуки пойтахт саҳми арзанда мегузорад ва барои боз ҳам тақвият бахшидани истеҳсолот нақшаҳои нав рӯи даст дорад, ки амалишавиашон дур нест.
– Ҳамқадам  бо  раиси  шаҳр  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар ободиву гул-гулшукуфоии пойтахти азизамон саҳми арзандаи худро гузоштан вазифаи ҳар як сокини Душанбе, махсусан мо – соҳибкорон аст. Моро мебояд татбиқу амалӣ кардани ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръатро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳем, зеро ҳама шароит барои пешбурди кор муҳайё ва моро дар ҳама ҷода Пешвои муаззами миллат бо раиси муҳтарами шаҳр дастгирӣ мекунанд. Ташкили корхонаҳои наву зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳамзамон бо ин, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ туҳфаи арзандаи мо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аст. 

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.11.2024 №: 227
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив