ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗЕ, КИ ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ҶОВИДОНА САБТ АСТ

РӮЗЕ, КИ ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ҶОВИДОНА САБТ АСТ

15 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи як санаи хуҷастаи таърихӣ ва барои миллат муҳиму фараҳбахш қарор дорад, ки он дар тақвим бо унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаст ва ҳамасола бо тантанаву шукӯҳи хоса дар саросари Тоҷикистони азизи мо ва соири кишварҳое, ки тоҷикон зиндагиву фаъолият доранд, таҷлил мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он зовия бо ифтихору шукӯҳи хоса истиқбол мегардад, ки бо номи абармарди сиёсати сатҳи ҷаҳонӣ, наҷотбахш ва пешвою раҳнамои миллат, шахсияти барҷастае, ки марзи орзуву ормонҳои миллиро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва дар саҳифаҳои таърих номи ӯ бо хатҳои зарҳалӣ ҷовидона сабт хоҳад шуд – Эмомалӣ Раҳмон, пайванди ногусастанӣ дорад. 
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои мардуми кишвар аз нигоҳи дигар низ аҳамияти бузурги таърихиро дорост, зеро дар қаламрави имсол мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷашни ҳумоюни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки санади сарнавиштсози миллат аст, бо сарбаландиву сарфарозӣ истиқбол гирифтанд.
Бунёди кохи бузурги истиқлоли миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон дар марҳалаи нави таърихӣ ба номи Асосгузори ин давлати неруманд ва бузурги мо – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Пешво ва раҳнамои мо, аз нахустрӯзҳои ба мақоми роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб шуданашон, ба халқи шарифи хеш, пеш аз ҳама, паёми сулҳу ваҳдати миллиро армуғон оварда, тавонистанд дар марҳалаи хеле кӯтоҳи таърихӣ, аз як давлати фурӯпошида ва як миллати пароканда, кишвари тавоно ва пуриқтидореро заминаи устувор гузоранд, ки имрӯз соири кишварҳои ҷаҳон онро ба унвони як кишвари мутамаддин, ки дар сафороии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мақоми арзишманд дорад, эътироф мекунанд. 
Талошҳои пайгирона ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифт, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллиро замина гузошт, дар кишвар фазои сулҳу амнро фароҳам овард ва офтоби нурбахши сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато кард. 
Ҳосили талошҳои пайгиронаи Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон ва сиёсати "дарҳои кушода" бо соири кишварҳои ҷаҳон сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ намуд. 
Бузуртарин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба ҳайси як оинаи ибрат эътироф намуда, бархӯрдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ карда, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро эътироф ва барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд, ки воқеан ин санади ифтихор барои тоҷикону тоҷикистониён ва тамоми мардуми форсизабони олам маҳсуб мешавад. 
Аз ҷумла, шоир ва адиби сатҳи ҷаҳонии Доғистон Расул Ҳамзатов, ки муҳаббату алоқамандии вижа ба шеъру адаби тоҷик дошт, ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хидматҳои Пешвои миллати мо баҳои баланд дода, таъкид кардааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Имрӯз мо дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, меъмори истиқлол ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро мешиносем, ки Ватани моро аз вартаи нестӣ наҷот дода, таърихи муосири миллати моро бо қалами сулҳофари хеш навиштанд.

Матлубахон САТТОРИЁН,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив