ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛОНДОН.  ШИРКАТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА ДАР АНҶУМАНИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ЛОНДОН.  ШИРКАТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА ДАР АНҶУМАНИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

07 апрел 2023, Ҷумъа
17
0

 
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъулини вазоратҳои соҳавӣ ва низоми бонкии кишвар иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузори Анҷуман таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ бо ташкили муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ, низоми бонкӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина, дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти муносибатҳои тиҷоративу сармоягузорию ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак иборат буд.
Дар ҳошияи Анҷуман раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин, раванди рақамикунонӣ дар низоми бонкии кишвар дар мавзуъҳои “Рақамикунонии бахши молия ва ҷорикунии технологияҳои нави молиявӣ дар Тоҷикистон” ва “Имкониятҳои сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди Тоҷикистон” суханронӣ  намуд.
Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз гузариш ба рақамикунонӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ ба шумор рафта, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгар дар рушди технологияҳои рақамии молиявии кишвар нақши махсусро иҷро мекунад. 
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки бо назардошти имкониятҳои      сармоягузорӣ ва пешниҳоди кафолатҳои давлатӣ барои сармоягузориҳои хориҷӣ, аз сармоядорони Британияи Кабир даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати оғоз намудани сармоягузориҳои эҳтимолӣ дар оянда, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзанд. 
Бояд зикр кард, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ва дарёфти имкониятҳои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ роҳбарони КВД БАҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон", ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСП “Спитаменбонк” ва ҶСП Бонки “Арванд” низ, дар чорабинии зикргардида ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯриҳо бо бонкҳои ICBC Standard Bank Plc ва Citibank UK ҳайати низоми бонкии кишвар дар мавриди ҳарчи зудтар вусъат додани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии тарафҳо, изҳори омодагӣ намуданд.
Дар доираи Анҷуман масъулини КВД БАҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" бо ширкати International Compliance Association (ICA) Ёддошти тафоҳум барои баланд бардоштани тахассуси комплеанси кормандон ва ҶСП Бонки “Арванд” бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) барои ҷалби кумаки техникӣ созишнома ба имзо расонданд.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодии ҷаҳон ва минтақа баргузор намудани Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон иқдоми саривақтӣ буда, ҷиҳати мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир заминаи устувор мегузорад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.04.2023 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив