ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶУМҲУРИИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА ИСБОТИ ТАЪРИХ ИНТИХОБИ МО ДУРУСТ БУД

ҶУМҲУРИИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА ИСБОТИ ТАЪРИХ ИНТИХОБИ МО ДУРУСТ БУД

15 ноябр 2024, Ҷумъа
6
0


Масири мураккабу бисёр печида, вале самараи шарафбору ифтихорангези давлатдории навини халқи тоҷик бозгӯйи ин воқеияти бебаҳси таърихист, ки баргузидани умумихалқии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва муқаррарсозии асосҳои сохтори конститутсионӣ бар асоси он ташаббуси хирадомезу ғаюрона, рисолати пурмасъулу наҷотбахши фарзанди деринтизори миллат, меросбару эҳёгари фарҳанги давлатдории куҳан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои умедбахшу неруафзои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалагузориву ҷонибдории оқилонаи фозилони давр, раъйи дархӯри ниёзмандиҳои халқи кишвар, тадбири судманду муносиб ба вазъи мубрами сиёсӣ буд, ки дар натиҷаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ташаккули фазои ҳамдиливу фаъолияти дастаҷамъонаи барқарорсозиву созандагӣ ба неруи муқтадиру мушкилзудо, истеҳкоми муътамади сулҳу субот ва якпорчагии диёри нозанин, равнақбахши Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷодаҳои пуршарафи давлатдории мустақили миллӣ, аз ҷумла муаррифии шоиставу шарафафзо дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Мувофиқи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, шакли идоракунӣ – ин тарзи ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, тартиби ташкили мақомоти олии давлатӣ – Парламент, Президент, Ҳукумат, муносибати байни мақомоти давлатӣ, байни онҳо ва аҳолӣ буда, ҷумҳурӣ – шакли идоракуниест, ки дар он мақомоти олии давлатӣ ба муҳлати муайян интихоб мешаванд.
Дар ҷумҳурии президентӣ ҳам Сарвари давлат (Президент) ва ҳам Парламент интихоб мешаванд. Президентро шаҳрвандон бевосита ва ё бавосита интихоб мекунанд. Дар ҷумҳурии парлумонӣ ҳокимияти қонунгузор (Парламент) тариқи интихоби ҳизбҳои парлумонӣ аз ҷониби шаҳрвандон ташкил мешавад. Сарвари давлат – Президент бошад, аз ҷониби Парламент интихоб мешавад. Ҳукуматро низ Парламент аз ҳисоби ҳизби сиёсии ғолиб ташкил мекунад ва аз болои Ҳукумат назорат мебарад.
Ҳамин тавр, бори аввал дар кишвар 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар он сохти идораи президентӣ аз нав ҷорӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархундаи таърихӣ, санаи муҳими давлатдориву ватансозӣ гоми дигаре устувору заминаи таҳаввулоти азим гузошта шуда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибияти Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд. 
16-уми ноябри соли 1994 бошад, маросими расмии савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ин санаи таърихӣ соли 2016 ҳамчун асос барои эълони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ гирифт.
Қабули Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу таъини ҳамаи сохторҳои давлатӣ мардуми шарифи кишварро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳидоят намуданд.
Қобили зикр аст, ки зарурати таърихиву сиёсӣ, асосҳои ҳуқуқиву стратегии таҷдиди шакли идоракунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи соли 1994 дар суханронии тантанавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули ин санади волои ҳуқуқии кишвар бисёр возеҳу равшан, бо далелҳои собиту мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи талхи ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ шарҳу тавзеҳ ёфт: «Барои мо дар он давра ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор рафта, бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз он вазъи даҳшатноки буҳронӣ, таъсиси ҳокимияти неруманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд. 
Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд».
Мувофиқи Конститутсияи амалкунанда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия эътироф шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
Панҷ ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили обу иқлим, ки дар робита ба онҳо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз 10 қатънома қабул кардааст, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мубрамияти масоили баррасишаванда буда, ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24-уми сентябри соли 2024 садо дод, бешак, ҳаққи маънавию сарварии Пешвои миллат ҳамчун мубаллиғи сатҳи ҷаҳонии падидаи «Сулҳ», муаллифи тарҳи беназири ҳалли моҷароҳои дохилидавлатӣ, соҳибмавқеи қотеъву устувори роҳи ҳалли муноқишаҳои минтақавию даргириҳои ҷаҳонӣ буда, мояи ифтихори афзуни ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва саодати насли башар аст.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло мояи ифтихор медонанд, ки Пешвои миллати мо чун ҳамеша дар ҳама амалу гуфтору рафтори худ падида ва намунаи дурахшони ватандӯстиву миллатпарастӣ нишон медиҳанд, тавассути ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона дар арсаи ҷаҳонӣ, дар баробари гузоштану бардоштани масъалаҳои тақдирсози башарӣ, бо сиришти хайрхоҳонаи худ хилқати нек ва сиришти инсонпарваронаи миллати моро ба тамоми ҷаҳониён ҷилвагар мегардонанд. Сиришти, воқеан, мисли оби зулоли табиати биҳиштосои мо поку манфиатоваре, ки намунаи ибрат дар ҷодаҳои хайрхоҳиву башардӯстист. 
Тавсифи нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов аз Пешвои миллати мо тақвиятбахши андешаҳои фавқ аст: «Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».
Маҳз бо мақсади дарки аҳамияти меҳварӣ, тақвияти ғоявию ҳуқуқии ниҳоди Президент дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ёдоварӣ аз таҷрибаи ислоҳоти конститутсионии даврони соҳибистиқлолӣ баҳри тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14.05.16, №1320, ҳамасола дар саросари диёри хушманзару озодаи мо санаи 16-уми ноябр ҳамчун гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, бо роҳандозии чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ, илмиву маърифатӣ, вохӯриву мулоқотҳо, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои мутантани идона, таҷлил мегардад. 
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд аз ҷониби ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, сокинони сарафрозу шарафёри Ватани азизу маҳбуб ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ, тантанаи ғояҳои ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, баҳрабардории мудом аз мактаби беназиру шарти бақои давлатдории миллӣ, омӯзаҳои раҳкушову ҳидоятҳои саодатбахши Пешвои муаззами миллат истиқбол шавад, зеро дар таърихномаи давлати мустақили миллии мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияти беназиру мондагор, корнамоиҳои таърихофари Пешвои муаззами миллат ҳукм бар нақши абад дорад.

РАҲМОН Дилшод Сафарбек,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, 
раиси Кумитаи Маҷлиси 
миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои 
конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, 
шаҳрванд ва қонуният, 
ректори Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив