ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ҶОДАИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ АРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ДАР ҶОДАИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ АРМОНҲОИ МИЛЛӢ

15 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


Аввалан бояд ёдовар шуд,  ки миллати тоҷик ҷабрҳои таърих ва қисмати талхро хеле зиёд дидаву чашидааст ва табиист, ки дар ҳофизаи таърихияш хотираҳои дардноке аз онҳо дорад ва, аз ин рӯ, ҳамеша оҳанги огоҳӣ ва ҳушдор дар набзи шараёнҳои ҷонаш садо медиҳад.  Дуюм ин ки, дар оғози даврони расидан ба истиқлоли давлатӣ тақдир бори дигар халқи моро имтиҳон кард: ҳушдоре дод, ки шояд барои омадан ба худ зарур буд. Ин  имтиҳони сарнавишт ҳамин ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ,  фоҷиаҳои бародаркуше буданд, ки қурбониҳои зиёде ба бор овардаву халқи моро сарсону саргардон карданд. Хушбахтона, миллати куҳанбунёди мо, халқи  соҳибхиради мо тавонист аз гирдбоди ин нобасомониҳо пирӯз барояд ва худро аз вартаи фалокат раҳо созад.

Имрӯз, вақте ки пас аз садсолаҳо, мо ба истиқлоли давлатӣ, ба ин неъмати бебаҳои тақдир расидем, акнун назари мо ба таърих, ба гузашта ва ба истиқлолияти бадастомада бакуллӣ дигар аст: мо дар асоси дарсҳое, ки таърих додааст, бо чашми дигар ба дунё менигарем. Шукӯҳи истиқлол ва қадру қимати онро  бештар эҳсос  мекунему ба қадри волои он зиёдтар мерасем. Ин аст, ки халқи тоҷик беш аз ҳарвақта дар таърих бо ҳама сиришту ҷисму ҷон имрӯз ватандӯсту озодипарвар аст. Дар ҷодаи худшиносии миллӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ бо дарку муҳаббати бузург ва эҳсоси баланди худшиносӣ  қадам мезанад. Ва ин ҳама дастовардҳое, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо раҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуданд,  самараи ҳамин хиради зотӣ, ҳамин муҳаббат ва ҷоннисориҳои ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон аст.
Имрӯз мо, вақте Президент мегӯем, Пешвои миллат мегӯем, пеш аз ҳама, чӣ пеши назарамон меояд? Албатта, бо ин симо нахуст пирӯзии истиқлоли давлатиамон пеши рӯ падидор мешавад. Имрӯз, мо, вақте ки Президент, Пешвои миллат мегӯем, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқамон пеши назар меояд, ки ҳадафи олии сиёсати ватандӯстонаи Сарварамон буд. Мо, вақте ки Президенти Тоҷикистон мегӯем, ҳама он бунёдкориву созандагиҳои беназир, ҳама он шукуфоиҳо, боғу  гулгаштҳо,  кӯчабоғҳои сабзу хуррам, фаввораҳои оби зулол, кӯчаҳои бо чароғони рангин нусратбори кишварамон пеши назар меоянд, зеро инҳо ҳама аввал дар ботини ватандӯстонаи Сарвари мо нурафшон шудаанду баъд дар саросари кишвар интишор ёфтаанд. 
Вақте мо Президенти Тоҷикистон мегӯем, пеш аз ҳама, симои ҷавонмардонаи Сарвареро пеши назар меорем, ки дар он рӯзҳои пурхавфу хатар ва тақдирсоз бо ҷасорат, бо бовару эътимод ҷони худро дар хатар гузошта, ба ҷабҳаҳои гарону хунини кишвар ва берун аз он, ба назди мухолифин, ба назди силоҳбадастон рафта, моҳияти ягонагии миллатро фаҳмонда, онҳоро ба ваҳдату ягонагӣ мехонд. 
Вақте мо Президенти Тоҷикистон, Сарвари кишвар мегӯем, пеши назари мо симои ин марди наҷиб, рӯзгоре, ки тирҳо аз болои сар мегузаштанду мардум  нони хӯрданиро ба мушкил меёфт ва баъзан, дар навбати нон шаҳид мешуд, аммо ӯ ниҳол мешинонду мардумро ба ниҳолшинонӣ ҳидоят мекард, меояд. 
Вақте мо Президенти Тоҷикистон мегӯем, симои ӯро дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид мебинем, ки бо лафзи ширини тоҷикӣ, бо ин забони ноби Одамушшуаро Рӯдакиву Мавлоно Балхиву  Ҳаким Хайёму Шайх Саъдӣ бо ҷаҳониён андешаи афкор мекунад. 
Оқибат, вақте ки мо  Президенти Тоҷикистон мегӯем, як шахси ватанпарвар, ошиқи суннатҳои волои халқи худ, эҳёгари муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои миллӣ,  одоби миллӣ ва симои миллиро мебинем, ки дар сари ҳар қадам ба мо дарси ватандориву ватандӯстӣ медиҳанд.  
Имрӯз дар остони Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо боз ҳам Сарвареро мебинем, ки ҳангоми сафарҳои хастагинопазираш ба тамоми гӯшаҳои кишвар пешопеши қадамаш ободиву бунёдкориҳо мебарад. Ҳар сафари ӯ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ид аст, зеро ҳосили ин сафарҳо ифтитоҳи корхонаҳову коргоҳҳои нави саноативу маданиву варзишӣ, иморатҳои нав ба нави замонавӣ, хусусан, мактабҳову кӯдакистонҳо ва табобатхонаҳои замонавӣ  бо ҷиҳози навини сатҳи баланди муосир мегардад, ки пеш аз ин касе ҷуръати орзуи онро ҳам надошт. 
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон баландтарин иншоот маҷмааҳои Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон аст. Ин магар ғояти баланди ватандорӣ ва ифтихори миллии мо нест? 
Вақте мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мегӯем, эҳёи тамоми  маросимҳои баланди инсонпарваронаву башардӯстонаи миллати мо пеши назар меоянд. Магар эҳёи дубораи ҷашнҳои  Садаву Наврӯзу Тиргону Меҳргон, ки бо онҳо асосҳои ҳастии инсонии мо, ойинҳои фархундаву некамон, фалсафаи инсондӯстонаву башарпарваронаи халқамон, ҳикмати фарҳангиву инсонии миллатамон  низ эҳёи дубора ёфт ва на танҳо эҳёи дубора ёфт, балки ҷаҳонгир шуд, вобастаи иқдомҳову ташаббусҳо ва муҳаббати баланди ватандӯстонаи Пешвои миллатамон нестанд?  
Чаро маҳз дар сиёсати давлатии мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ пеш гирифтаву арҷ ба онҳо гузошта шуд? Оё ин гувоҳи он нест, ки миллати тоҷик миллати ҳунару санъати баланд аст. Ва  ин ҳама бунёдкориҳо бо симои миллӣ, бо таҷассуми ҳама гуна ҳунарҳои беназири миллӣ, ки хориҷиёнро мафтун мекунанд, оё боз ҳам ташаббуси Президенти фарҳангдӯсти мо нестанд?
Оё ҷашнҳову бузургдоштҳои фарзандони наҷиби миллат, олимону адибони номвари гузаштаи мо, интишори осори адибони бузурги гузаштаамон дар замони инқирози нашри китоб таҳти унвони “Ахтарони адаб” дар ҷилдҳои бешумори муҷалло,  интишори пайвастаи асарҳои адибони муосир, осори олимони бузурги гузаштаву  имрӯз, роҳандозии озмунҳои ”Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, озмунҳо дар мавзуи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, интишор ва тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”  ба ҳар хонадон, ки амалест бесобиқаву беназир, иқдом ва роҳандозии Президентамон нестанд?
Оё ин ки имрӯз Тоҷикистон ва Сарвари онро ҳамчун ташаббускори бисёр иқдомҳои наҷиби барои инсоният тақдирсоз мешиносанду арҷ мегузоранд, ҳосили закову хирад ва чашми дурбини Пешвои миллати мо нест?
Метавон бад-ин оҳанг хеле ва хеле идома дод, зеро ҳар солу ҳар ҳафтаву ҳар рӯзу ҳар соати фаъолияти Президенти ватандӯсту инсонпарвари мо дар амалӣ сохтани нақшаҳои бузургу ҳадафҳои олии миллӣ ва башарӣ сипарӣ мешаванд. 
Бубинед, танҳо дар муддати якчанд соли охир симои шаҳру деҳоти кишварамон, симои маънавии халқи куҳанбунёдамон чи қадар таровати  тоза гирифт. Имрӯз амнияту осоиштагӣ, нишоту хуррамии миллату Меҳанамон низ ҳосили ҳамин сиёсати ватанпарварона аст. 
Мо бояд шукри чунин Пешвои муборакқадам кунем, ки ҳар боре ба ин ё он гӯшаи кишвар по мениҳанд, пешоқадами худ файзу баракат, шукуфоиву ободӣ  ва муҳаббату нишот барад ва ҳар боре ба ягон гӯшаи дунё  сафар мекунанд, пешоқадамашон сулҳу осоишу хайрхоҳӣ меоранд.  Ва ин ҳанӯз оғози пешрафту созандагиҳои халқи ватандӯст ва заҳматпарвари мост дар роҳи муқаддаси эҳёи миллии ин сарзамини куҳанбунёд дар ҷодаҳои фатҳи қуллаҳои нав ба нави армонҳои миллӣ.

КАМОЛ НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии 
Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.11.2024 №: 228-229
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив