ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР “ҶУМҲУРИЯТ”
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 ҳар сол 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, кормандонро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, Рӯзи Президентро ҷашни миллӣ арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, ки барои халқи шарафманди тоҷик боиси ифтихору сарбаландист, ки ҳар сол ин рӯзро дар фазои сулҳу ваҳдати комил бошукӯҳ истиқбол менамоянд.
- Тавассути талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 33 сол дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори баланд гардида, дар ҷодаи тараққиёт қадамҳои устувор гузошт, - гуфт Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Аз ҷониби роҳбарияти рӯзнома дар ин санаи фархунда як қатор кормандони фаъол қадр шуданд. Аз ҷумла, чанд нафар корманди идора барои саҳми фаъол дар таҳия ва нашри шумораҳои ҷашнии рӯзнома дар моҳи ноябр бо мукофот сарфароз гардиданд. Барои нақши арзанда дар боло рафтани нуфузи саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии “Шоми шанбе” миёни хонандагон низ чанд нафари дигар ҳавасманд шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”