ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ БЕЛАРУС  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ БЕЛАРУС  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29 ноябр 2024, Ҷумъа
10
0


Бо мақсади рушду густариши равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 25 то 27-уми ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5-уми сентябри соли 1996 барқарор намуда, соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд. 
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг, вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Валерий Громада доир гардид. Ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. 
Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанг, иброз дошт: «Ба шарофати дӯстии сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко робитаҳои фарҳангии ду мамлакат ба таври устувор инкишоф меёбанд. Маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Бовар дорам, ин чорабинӣ бо ҷилою нур ва маънии пурғановаташ ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Беларус, рушди робитаҳои серпаҳлуи ду кишвар ва шинохти бештари марҳалаҳои пешрафту симои имрӯзаи ин кишвари ба мо дӯст мусоидат менамояд». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон асарҳо ва дар кинотеатри «Наврӯз» филмҳои синамогарони Беларус намоиш дода шуда, бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронда шуд. Ҳайати Беларус дар шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ пешниҳод ва аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз» ва Маҷмааи «Истиқлол» дидан намуданд. 

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 29.11.2024 №: 237
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив