ХУҶАНД. БУНЁДИ БЕШ АЗ 950 ИНШООТ ТО СОЛИ 2026
Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 600-тои он ифтитоҳ ёфтааст. Аз ҷумла, чанде пеш Маркази нави ташхисию табобатии ҶДММ “Насли солим”, корхонаи истеҳсолии донаҳои офтобпараст ва хӯришҳои кӯдакона, корхонаи истеҳсолии маҳсулоти орди ҶДММ “Фархунда”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ “Солиев С.К.”, маркази савдо ва хизматрасонии “Ёвар”, қаҳвахонаи “Сайҳун”, маҷмааи нави варзишӣ, инчунин, дигар иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, гуфт, ки дар ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилоят ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр иштирок доштанд.
Маркази ташхисию табобатии «Насли Солим” аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шоҳина Гадойбоева бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр таъсис ёфта, дорои ҳуҷраҳои табобатӣ, физиотерапевтӣ, ташхиси ултрасадо, калпоскопия, таҳлили биокимёвӣ ва клиникӣ, амрози даруна, ошхона ва дорухона мебошад. Марказ дорои 30 кати хоб буда, барои ташхису табобати беморон 25 кас, аз ҷумла шаш табиби дараҷаи олӣ, чордаҳ корманди миёнаи тиб ва панҷ корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Корхонаи истеҳсолии донаҳои офтобпараст ва хӯришҳои кӯдакона дар заминаи ҶДММ “Маҳкамов” дар Минтақаи саноатии шимолу шарқи шаҳр ифтитоҳ гардид, ки дар он 20 бону ба кор ҷалб гардид. Офтобпараст бо бренди «Супер» банду баст шуда, дар бозор серхаридор аст. Ашёи хом тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли Чину Туркия ва Украина дар чанд марҳала шуста, хушку коркард ва бандубаст мегардад. Ҳамчунин, чанд намуд маҳсулоти хӯриши кӯдакона аз коркарди ҷуворимакка низ истеҳсол мешавад. Маблағи сармоягузории корхона беш аз 1,2 миллион сомонӣ буда, иқтидори истеҳсолиаш коркарди 1421 кило офтобпараст дар як моҳ аст.
Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти орди ҶДММ “Фархунда” бо бренди “Фархунда” 10 намуд маҳсулоти нимтайёри яхкунондашудаи гуногун истеҳсол менамояд. Таҷҳизоти корхона аз давлати Чин ва Русия ворид шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 10 тонна маҳсулоти тайёр мебошад.
ҶДММ “Солиев С.К” ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, торту шириниҳо машғул буда, 70 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Корхона бо бренди “Шаҳди Хуҷанд” беш аз 100 номгӯйи ширинӣ истеҳсол менамояд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Ёвар” дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёнаи маҳаллаи Чорчароғ ҷойгир буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъморӣ сохта шудааст. Дар он 40 нафар бо ҷойи кор таъмин гашта, оянда, бо васеъ кардани доираи фаъолият, шумораи кормандон ба 60 нафар мерасад. Бо истифода аз таҷҳизоту таҷрибаи нав, аз ҷумла шароити худхизматрасонӣ, яхдонҳо, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор ва камераҳои назоратӣ пурра имконияти марказ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ аст. Харидорон метавонанд шабонарӯзӣ маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 дарсади он истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Маҷмааи нави варзишӣ дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Муродҷон Обидов тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, майдонаш беш аз 500 метри мураббаъ мебошад. Майдонча барои фароғати кӯдакон бо насби дастгоҳҳои бозиҳои гуногун фароҳам аст.
Инчунин, дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳр ба бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд. Иншооти ҷашнии 7-ошёнаро бо тамоми инфрасохтор, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис аъзоёну фаъолони ҳизб ва соҳибкорон бунёд менамоянд.
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси ҲХДТ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки бунёди бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд боз як ғамхории Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ин ҳизби пешбари ҷомеа мебошад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)