ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН.  ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ИСТАРАВШАН.  ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

04 декабр 2024, Чоршанбе
49
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари навбатии корӣ ба вилояти Суғд дар ифтитоҳи чанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи шаҳри Истаравшан ширкат варзиданд ва ба соҳибкорон барои роҳандозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, изҳори сипос намуданд.
Воқеан, дар ин шаҳри қадимаи ғанӣ бо анъанаҳои ҳунармандӣ ба ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногун ва саноати муосир таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт қадамҳои устувор мегузоранд. Дар даҳ моҳи сипаришудаи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 258,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ  буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 334,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
– Соҳибкорони шаҳр талош доранд, ки ҳарчи бештар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашуда ва рақобатпазир бо ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд намоянд ва ба ин васила, садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин созанд, – таъкид мекунад Адҳамҷон Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан.
Бино ба маълумот, дар ду соли охир кормандоне, ки дар самти саноат фаъолият мекунанд аз ду ҳазор нафар гузаштааст. Соли 2022 дар шаҳр 60 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд, ҳоло бошад ба 97-то расидааст, ки аз қадамҳои устувор ва муваффақонаи роҳбарияти шаҳр оид ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дарак медиҳад. Хушбахтона, аксари корхонаҳои саноатии мавриди баҳрабардорӣ қарордоштаи шаҳр молу маҳсулоте истеҳсол  мекунанд, ки воридотивазкунандаанд. Масалан, ҶДММ ”Адл” марҳала ба марҳала бо васеъ намудани истеҳсолоти худ, дар аввал, тавлиди бозичаҳои гуногуни кӯдаконаро роҳандозӣ кард, ки аз лиҳози сифат, намуди зоҳирӣ, бехавфию безарарии кимиёвӣ ҷавобгӯи талаботи стандартӣ буда, аз тарафи муштариён хуб пазироӣ шуданд. Солҳои қаблӣ сад дарсад бозичаҳои тифлону наврасон аз кишварҳои дури хориҷ бо нархҳои гарон ба ҷумҳурӣ ворид мешуданд. Акнун бо иқдому тасмимҳои соҳибкорони ватандӯст ифтитоҳи чунин коргоҳҳои зарурӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат айни муддаост. 
Боз як маҳсулоти зарурӣ – сӯзандоруст, ки бо мабалғҳои ҳангуфт аз хориҷ ворид мешуд. Ҳоло бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Икром Набиев, сарвари ҶДММ “Сино медикал”, истеҳсоли он дар шаҳри Истарвшан ба роҳ монда шуд.
Сол ба сол иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии аҳолӣ боло меравад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, Тоҷикистон феълан дар марҳалаи рушд қарор дошта, ҳадафи асосӣ, ноил шудан ба зиндагӣ ва рӯзгори шоистаи аҳолӣ мебошад. 
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр номгӯи маҳсулоти содиротӣ рӯз ба рӯз тамоюли афзуншавӣ дошта, дар назар аст, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз на кам аз 10 корхонаи замонавии бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз ба истифода дода мешавад. 
Бо бунёди корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ табиист, ки ҳиссаи саноат дар  маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ рӯ ба афзоишёбист. Агар ду се соли қабл саҳми саноат дар ин самт 40 дарсадро ташкил медод, пас имрӯз то ба 53-55 дарсад мерасад. Соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр уҳдадор шудаанд, ки маҷмуи маҳсулоти саноатиро ба 1 миллиарду 417 миллион сомонӣ расонанд.
– Мусаллам аст, ки рушди саноат пешрафти иқтисодиёт аст. Муҳимтар аз ҳама, ин болоравии сатҳи зиндагии мардуми диёр мебошад. Маҳз бо ривоҷу равнақи соҳаи саноат ҳоло музди миёнаи маош дар ин соҳа ба 3 ҳазору 394 сомонӣ расида,  ба болоравии музди меҳнати дигар соҳаҳо низ мусоидат менамояд ва ин раванд минбаъд низ вусъат хоҳад ёфт, – гуфт Адҳамҷон Маъмурзода.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив