ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИЛЛАПАРВАРӢ.  БА СОҲА ХАТАРИ НЕСТӢ ТАҲДИД МЕКУНАД. ЧӢ БОЯД КАРД?

ПИЛЛАПАРВАРӢ.  БА СОҲА ХАТАРИ НЕСТӢ ТАҲДИД МЕКУНАД. ЧӢ БОЯД КАРД?

04 декабр 2024, Чоршанбе
43
0


Кирмакпарварӣ яке аз шуғлҳои қадимтарин ва соҳаи сердаромаду афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нақши созгор дорад.
Мутаассифона, чанд соли охир пешрафти соҳа танҳо боиси нигаронисту халос.
Ҳарчанд бино ба маълумоти мутахассисон, замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шуравиро истеҳсол мекард ва ҳаҷми он бештар буд. Инчунин, он давра аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мешуд. Аз ин ҷиҳат, пиллапарварӣ соҳаи сердаромаду афзалиятноки стратегии мамлакат маҳсуб мешавад.
Ба андешаи мо, сабаби асосии камтаваҷҷуҳӣ ба соҳа паст будани нархи пилла мебошад. Солҳои 2023 ва 2024 биржаи ҷаҳонӣ 50-60 доллари ИМА барои як килло нахи пилла муқаррар карда буд, аммо дар ҷумҳурӣ он ба 1 доллар ё 10-15 сомонӣ баробар аст. Барои ҳавасмандии кишоварзон 1 кг пилла агар 5 - 15 доллари амрикоӣ нарх гузошта шавад, боварии комил дорем, ки тутзорҳои нав пайдо мешаванду ҳам як самти кишоварзию саноатӣ рушд меёбад.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, солҳои охир дар бисёр ноҳияҳои кишвар ягон дарахти тут шинонда нашудааст. Ҳол он ки, барои шинондани дарахти тут шароити хуби кишоварзӣ мавҷуд мебошад (хусусан дар минтақаи Кӯлоб).
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳолати бунёди тутзор ва коркарди ашёи хом аз пилла худи сармоягузорону соҳибкорони хориҷию дохилӣ барои таъсиси корхонаҳо саҳми хешро хоҳанд гузошт. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (21-уми декабри соли 2021) ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ, шоҳиву атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, аз ҷумла барои занону бонувон, вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро муваззаф намуданд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намоянд. Барои ривоҷи соҳа бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардидаанд. Соҳибони тутзор ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо озод мебошанд.
Маҳз бо ин роҳ метавонем бо маҳсулоти табиии кишварамон мавқеи худро дар иқтисоди олам ва бозори ҷаҳонӣ муайян намоем, зеро бо маҳсулоти сунъӣ ё ғайритабиӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё баробар шудан ғайриимкон аст.
Бо назардошти таҳлилҳои боло, пешниҳод менамоям, ки дар тамоми заминҳои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шинондани тутзорҳо шуруъ карда, корҳои иҷрошуда зери назорати ҷиддии масъулони соҳа гирифта шавад. Ҳамзамон, барои корхонаҳои саноатии самти коркарди нахи пилла барои омода кардани мутахассисон семинару курсҳои махсус роҳандозӣ гардад. Дар ин замина, бо ҷалби мутахассисони варзидаи дохилию хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои хурд дар ноҳияҳо ва коркарди маҳсулот дигар иқдомҳо таҳрезӣ шаванд. Танҳо бо ҳамин роҳҳо метавонем ба татбиқи барномаи давлатӣ ва рушди соҳа мусоидат намоем. 

Раҳмоналӣ ШАРИФЗОДА, таҳлилгар

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив