ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАЛҶУВОН.  БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАНД

БАЛҶУВОН.  БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАНД

04 декабр 2024, Чоршанбе
2
0



Балҷувони зебоманзар бо қомат афрохтани биноҳои наву ободкориҳои фарзандони бонангаш ободтар мегардад. Ҷои хушнудист, ки ба истиқболи Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ биноҳои таълимии наву замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз менамоянд. 
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Хироби деҳоти Балҷувон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 мавриди истифода қарор гирифт. Дар он барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст шароити зарурӣ фароҳам аст. Бино дуошёна буда, аз ҳашт синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад. 
Ҳамзамон, дар деҳаи Охбулоқи деҳоти Тоҷикистони ноҳия бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 низ ба истифода дода шуд. 
Паймонкори иншоот ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» буда, корҳои лоиҳакаширо ташкилоти «Инжиниринг Консултантсенд Ассосиатес Лимитед» ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ анҷом дод. Ин бино низ барои 480 нафар пешбинӣ гардида, дорои шароитҳои замонавист. 
Умуман, дар мактабҳои ноҳия панҷ бинои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки барои беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас мусоидат хоҳад кард.

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив