ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ТАЙЛАНД

МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ТАЙЛАНД

04 декабр 2024, Чоршанбе
2
0


Дар доираи сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Шоҳигарии Тайланд, ки рӯзҳои 25-26-уми ноябри соли равон баргузор гардид, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода бо президенти калонтарин бонки Тайланд Bangkok Bank Чартсири Софонпанич доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ: низоми бонкӣ ва суғуртаи Тоҷикистон мулоқот намуд. 

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши сармоягузориву тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории низоми бонкии кишварҳо, таъсиси филиали бонкии Bangkok Bank дар Тоҷикистон, инчунин, кушодани суратҳисобҳои муросилотиро, саривақтӣ арзёбӣ карданд. 
Ҳайати Тоҷикистон, инчунин, бо вазири саноати Тайланд ҷаноби Аканат Промпхан ва баъдан бо президенти Бонки содиротӣ ва воридотии Тайланд (EXIMBANK) доктор Рэк Ворракитпокатор мулоқот анҷом дод. 
Зимни вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Тайланд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, тиб, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иброз намуданд. Ҳамзамон, масъалаи иштироки Бонки содиротӣ ва воридотии Тайланд дар лоиҳаҳои муҳими бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. 
Дар идомаи рӯз ҳайати Тоҷикистон, инчунин, бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Тайланд хонум Кобкарн Ваттанаврангкул ва намояндагони Шурои савдои Тайланд мулоқот намуда, вазъи кунунии иқтисоди кишварҳо ва имкониятҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, савдо, логистика ва истифодаи технологияҳои муосири зеҳни сунъиро арзёбӣ намуданд. 
Дар маҷмуъ, миёни ҷонибҳо муколамаи солим ва фарогири самтҳои гуногун оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид. 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Санаи нашр: 04.12.2024 №: 239
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив