ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОҲИШИ РӮЙХАТИ КАСБҲОИ МАМНУЪ БАРОИ ЗАНОН

КОҲИШИ РӮЙХАТИ КАСБҲОИ МАМНУЪ БАРОИ ЗАНОН

09 декабр 2024, Душанбе
7
0

Қадами дигар ба сӯи баробарии имкониятҳо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯйхати касбҳои мамнуъ барои занонро бозбинӣ намуда, талош дорад онро ба шароити замони муосир мутобиқ созад. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ таъкид кард, ки рушди технология ва автоматикунонии истеҳсолот бисёре аз касбҳои қаблан хатарнокро барои занон бехатар гардондааст, ки талаб мекунад муносибат ба маҳдудиятҳо таҷдиди назар шавад.

Рӯйхати касбҳои мамнуъ соли 2017 барои ҳифзи саломатии занон тасдиқ гардида, 336 их­тисосро дар бар мегирифт. Соли 2023 ин рӯйхат таҷдид шуд ва шумораи касбҳои мамнуъ то 194 адад дар 22 соҳаи иқтисодиёт коҳиш ёфт. Ин қарор тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо ва автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ қабул шуд.

Шаҳноза Нодирӣ қайд намуд, ки ҳадафи тар­тиб додани рӯйхат ҳифзи саломатии занон буд, вале бо мурури замон барои рушди касбии онҳо монеа гашта, дастрасии занонро ба як қатор соҳаҳои сердаромад маҳдуд кардааст.

Коҳиши рӯйхати касбҳои хатарнок ба занон имконияти бештар барои пайдо кардани ҷойи кор медиҳад. Тибқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар 9 моҳи соли 2024-ум 29296 зан бо ҷойи кор таъмин шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,4 дарсад зиёд аст.

Ба андешаи Шаҳноза Нодирӣ, занон бояд им­кони интихоби касбро ба таври баробар бо мар­дон дошта бошанд. Рушди технология ва беҳтар шудани шароити меҳнат имкон медиҳад, ки намудҳои қаблан хатарноки фаъолият бозбинӣ шаванд.

Ҳамзамон, бо бознигарии рӯйхати касбҳои мамнуъ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии соҳибкории занон таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Масалан, дар вилояти Хатлон маблағи грантҳо барои рушди соҳибкории шахсӣ то 25 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст, ки ба даҳҳо зан ку­мак мекунад, то тиҷорати худро ба роҳ монанд ё густариш диҳанд.

Барои бознигарии минбаъдаи рӯйхати касбҳои мамнуъ гурӯҳи кории нав таъсис дода шудааст, ки шароити меҳнат ва автоматикуно­нии соҳаи саноатро таҳлил мекунад. Гурӯҳ нақша дорад, шумораи маҳдудиятҳоро минбаъд низ коҳиш диҳад, то ба занон дастрасӣ ба касбҳое, ки қаблан мамнуъ буданд, фароҳам гардад. Коҳиши рӯйхати касбҳои мамнуъ на танҳо як қадами муҳим дар рушди иқтисодиёти кишвар аст. Интизор меравад, ки занон дар пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон нақши бештар дошта бошанд ва фаъолияти касбии онҳо ба омили муҳими рушди устувори кишвар табдил ёбад.

Бо вуҷуди дигаргуниҳо, назорат аз болои ри­ояи қонун қатъӣ боқӣ мемонад. Корфармоёне, ки маҳдудиятҳоро вайрон мекунанд, тибқи моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Хулоса, бознигарии рӯйхати касбҳои мамнуъ қадами муҳим ҷиҳати фароҳам овардани шароити баробари фаъолият барои мардон ва ба занон дар Тоҷикистон аст. Технологияҳои муосир монеаҳои куҳнаро бартараф мекунанд ва ба ташаббусҳои нави Ҳукумати мамлакат умед мебахшанд, ки занон дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои касбии худро пурра амалӣ намоянд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив