БОКС Муштзанони тоҷик дар Чемпионати Осиё панҷ медал мегиранд
Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар (7 мард, 1 зан) дар Чемпионати Осиё, ки 30-юми ноябр дар Тайланд оғоз шуда, то 12-уми декабр идома меёбад, ширкат дорад.
Тавре Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ дод, 8-уми декабр муҳорибаҳои даври нимниҳоӣ доир гашта, ду варзишгарамон – Акмал Убайдов (-60 кг) ва Парвиз Каримов (-92 кг) ба финал роҳ ёфтанд. Шуҳрат Саломатов (67 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Аҳмадҷон Саидов (-86 кг) дар нифинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ гирифтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241