ФУТБОЛ “Ҳулбук” ба лигаи олӣ роҳхат гирифт
Дар мавсими имсола дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум гардид.
Он дар 24 бозӣ 62 хол ба даст оварда, мақоми аввалро касб намуд. Дар сурати гузаштан аз марҳалаи литсензиякунонии дастаҳо, “Ҳулбук” дар мавсими оянда дар лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин, Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои гузариширо миёни дастаи зинаи 11-уми лигаи олӣ “Панҷшер” ва мақоми дуюми лигаи якум “Парвоз” муайян кард. Бозии аввал 3-юми декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Хуҷанд, бозии ҷавобӣ 7-уми декабр доир мешавад. Дастаи ғолиб дар мавсими оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳад кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 9.12.2024 №: 241Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)