ВАНҶОБ Вазорати нақлиёт боз як пули мошингузар месозад
Масрур Ғайратшоҳзода, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, сарпарасти масоили саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳия, дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки ба ифтихори Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодагиҳои комил дида мешаванд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ванҷ низ амалҳои ободонию бунёдкорӣ дар бештар аз 110 иншооти самти саноатӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони роҳу пулҳо, босуръат идома доранд.
Бо дастгирии Роҳбари давлат, маблағгузории Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 20 пули мошингузар ва пиёдагузар сохта шуд. Дар ин давра танҳо аз болои дарёи Ванҷоб 10 пули нақлиётгузар сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёт пули нақлиётгузар аз болои руди Ванҷоб дар мавзеи Мурғудга – Гармчашмаи водии Ванҷи Боло, дар ҳудуди деҳоти Рованд бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби муҳандиси ин иншоот Ҳокимҷон Давлатов, ронанда Аминҷон Қурбонов, экскаваторчӣ Шероз Давлатов, кафшергар Орзу Бачабеков ва коргарони дигар хуб ҷараён доранд. Аллакай, қариб 60 дарсади корҳо, бунёди таҳкурсиҳо ва пояҳои оҳану бетонӣ, тахту ҳамворсозии роҳҳои ду ҷониби ин иншоот ба анҷом расидаанд. Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки ин пулро то Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.
Раиси ташкилоти деҳаи Мурғудга Муқим Бодуров аз он хусус изҳори хушнудӣ менамояд, ки дар сохтмони ин иншоот қариб 20 нафар сокини деҳоти водии Ванҷи Боло, ки аксарияташон ҷавонони соҳибкасб мебошанд, ба кор ҷалб шуда, маоши хуб мегиранд. Аз ҳама муҳимтараш ин аст, ки мушкилоти аз як соҳили рудхона ба соҳили дигари Ванҷоби тезоби дар фасли тобистон пурталотум гузаштани сокинон, пеш аз ҳама, хонандагони мактабҳои деҳкадаҳои Мурғудга ва Гармчашмаву Рованд аз миён бардошта мешавад.
Аҳли деҳоти водии баландкӯҳ ва дурдасти Ванҷи Боло барои чунин як ободкорӣ ва созандагии арзишманд басе ҳам шоду мамнунанд. Пиру ҷавони ин деҳкадаҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама вақт ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба бошандагони кӯчактарин рустоҳои деҳоти водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом низ, дасти ёрӣ дароз менамоянд, изҳори миннатдорӣ ва сипосмандии бепоёни худро баён мекунанд, – гуфт дар анҷоми суҳбат Масрур Ғайратшоҳзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи Диловар, рӯзноманигор
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242