ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД: ҲАМКОРИҲОИ НАВ БАРОИ БЕҲБУДИ ОБТАЪМИНКУНӢ
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) созишномаи грантиро бо маблағи 8 миллион евро ба имзо расонданд. Ин маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба беҳтар намудани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара равона шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, 3-юми декабр аз ҷониби вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел имзо шуд.
Лоиҳаҳо сохтмон ва навсозии обанборҳо, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, безараргардонии он ва таъмини устувори об барои сокинони шаҳрҳои Бохтар ва ноҳияи Данғараро дар бар мегиранд.
- Ин лоиҳаҳо қадами муҳиме дар таъмини сокинони Бохтар ва Данғара бо оби босифат мебошад. Ин ташаббусҳо ба беҳбуди шароити зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ мусоидат мекунанд, – иброз намуд Ҳолгер Вифел.
Дар баробари ин созишнома, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи дигари грантиро ба маблағи 20 миллион евро ба имзо расонданд, ки барои пешбурди "гузариши сабз", аз ҷумла рушди кишоварзӣ дар кишвар, нигаронда шудааст.
Иттиҳоди Аврупо дар давраи солҳои 2021-2024 ба Тоҷикистон 91 миллион евро ҷудо намудааст. Ин маблағ ба се соҳаи калидӣ равона шудааст: пешбурди иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ. Танҳо соли 2023 Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро бо маблағи беш аз 75 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242