ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ! Таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон
5-уми декабр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҳти унвони “Хайрхоҳӣ шараф аст – волонтёр мешавем!” чорабинии идона доир гардид.
Раиси Кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр намуд, ки фаъолияти волонтёрӣ оғози рушди касбияти ҷавонон буда, робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад.
Таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи байланмилалии волонтёрон дар Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба волонтёрон ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаи онҳо мебошад.
“Волонтёрӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Зеро ҳамон шахсе волонтёр шуда метавонад, ки ташаббусҳои наву идеяҳои ҷолиб дошта, некхоҳу некбин бошад”, – афзуд З. Гулаҳмадзода.
Сипас, ба 40 нафар волонтёри фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт.
Соли 1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳҳид 5-уми декабрро Рӯзи байналмилалии волонтёрон эълон намуд ва ин сана дар бисёри кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242