ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба тасвиб расидани созишномаҳо  дар Маҷлиси намояндагон 

Ба тасвиб расидани созишномаҳо  дар Маҷлиси намояндагон 

10 январ 2025, Ҷумъа
26
0


8-уми январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми МН МО, даъвати шашум, баргузор гардид.
Зимни он Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб вобаста ба лоиҳаи НБО «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар иҷлосия, ҳамчунин, дигар созишномаҳои қарзӣ ва лоиҳаи якчанд қонун матраҳ шуданд. 
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.  


Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 
8-уми январ сарвазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва раиси Девони вазирон – роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев дар минтақаи марзи байнидавлатӣ мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки се давлат барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз қабили тиҷорат, логистика, обу энергетика ва фарҳангу иҷтимоиёт, имконоти бузург дошта, рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва байниминтақавӣ ҷузъи муҳими он мебошад.


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT 
7-уми январ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT Максим Шилов мулоқот намуд. 
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳангоми вохӯрӣ тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо, баррасӣ гардид.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив