ИНТИХОБОТ. ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ТАТБИҚ МЕШАВАД
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои бисёрмандатии интихобот қабул шуд.
Тибқи қарор мазкур, ки дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ 7-уми январ қабул гардид, панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 таъсис дода шуданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, сурат гирифт, ҳамчунин, Дастурамал барои комиссияҳои интихобот ҷиҳати мусоидат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ шуд. Ҳадаф аз қабули ин санад мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла ташкили инфрасохтори дастрас ва ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ, маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаҳои дигари ташкилӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ қабул гардиданд.
Ф.ҶУМЪАЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7