ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОЙТАХТ.  НАТИҶАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ШУДАНД

ПОЙТАХТ.  НАТИҶАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ШУДАНД

10 январ 2025, Ҷумъа
32
0


Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ҷаласаи мушовараи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои “Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025” ва “Тасдиқи Нақшаи кори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои соли 2025” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе зикр намуд, ки соли 2024 барои аҳли маорифи пойтахт, соли рушд ва муваффақияту дастовардҳо буд.
Таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳа ва хосатан ба омӯзгорон, аҳли маорифро муваззаф мегардонад, ки беш аз пеш беҳтар фаъолият намуда, рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият, омӯзондани илму дониш ва касбу ҳунарро сидқан иҷро намоянд.
Тавре зикр гардид, бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф соли 2024 аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо дарназардошти зиёдшавии музди меҳнат 914 миллиону 395 ҳазору 597 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, рушди устувори соҳа таъмин шуд. 
Тайи ҳафт соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар пойтахт 22  муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48386 нафар хонанда дар як баст пас аз бунёду навсозӣ ва таъмири асосӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо назардошти сохтмони бомароми биноҳои баландошёна ва афзоиши аҳолии пойтахт, мутобиқ ба талаботи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 то ба 50 фоиз расондани фарогирӣ кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 12 390 ҷой (аз ҳисоби буҷети шаҳр 1-то, бахши хусусӣ 59-то) ва 21 муассисаи таълимӣ барои 20 176 нафар хонанда (буҷети шаҳр 2-то, буҷети ҷумҳуриявӣ 1-то, Вазорати маориф ва илм 2-то, соҳибкорон 16-то) дар як баст оғоз ёфта, бомаром идома дорад.
Таъкид шуд, ки соли гузашта 3326 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. 
Ғолибону ҷоизадорони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дарназардошти шоҳҷоиза 43 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 76 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 57 нафаро ташкил дода, дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шумораи ғолибон дар ҷойи аввал қарор дорад. Заминаи ғолибият ва дар мақоми аввал ҷой доштани шаҳри Душанбе дар ҳамаи озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ – ин, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои ҳам арзанда ба ҳисоб меравад. 
Пас аз баррасиҳо, фаъолияти  сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, нақшаи кор барои соли 2025 тасдиқ шуд.
   
Л. ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.01.2025 №: 7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив