ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ

ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ

13 январ 2025, Душанбе
8
0


Хушо, арзи Паёми Сарвари мо,
Шукӯҳи тозаи болу пари мо.

Ба он лафзи биҳиштӣ шуд ироа,
Ба лафзи модари бахтовари мо.

Паёме, ки ҳама нуру навид аст,
Чу Хуршеди самои Ховари мо.

Парафшон чун кабӯтарҳои некист,
Ҳаворо пок дорад бар сари мо.

Паёме, ки ба ҳар дил меҳр корад,
Чу гармии дуои модари мо.

Ба ҳар нукта, ба  ҳар ҳарфаш фузунтар
Бувад дар ҷисму дар ҷон бовари мо.

Фурӯғи бахти халқи некоин
Дурахши тоза дорад дар фари мо.

Паёми сулҳу ишқу дӯстдорист,
Паёми нусрату файзи дари мо.

Паёми муждаи фардои некуст,
Паёми нуру фар дар пайкари мо.

Паёми офтоби сулҳу ишқ аст,
Паёми миллати сулҳофари мо.
 
Гувоҳи он ки ҷуз пайки сафо нест
Умеди аввалину  охири мо.

Паёме, ки саломи мо ба дунёст,
Паёме аз  фурӯғи маҳзари мо.

Хушо Сарвар, ки орад муждаи хайр
Зи қалби миллати хушгавҳари мо.

Камол  НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив