ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 

Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 

13 январ 2025, Душанбе
77
0


Дар МИМҲД шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки иштирокдорони ҳамоиш  доир ба муҳтавои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар  намуда,  онро  ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо арзёбӣ намуданд.


Намояндаи Тоҷикистон президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб гардид
Чанде пеш интихоботи президент ва муовинони президенти Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни интихобот намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми  президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид. Ин нахустин бор аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул интихоб мешавад.


Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва сохторҳои СММ 
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Рамасвами Парвати мулоқот намуд.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, дар вохӯрӣ ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули назар карда, мавзуоти марбут ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди дарпешистодаро матраҳ намуданд.


Вазъи низоми бонкӣ ва суғурта натиҷагирӣ шуд
Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми молиявӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хабарнигори мо Муҳаммадзоиршоҳ Шарифзода аз Бонки миллӣ иттилоъ дод, ки дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк оид ба вазъи низоми бонкӣ дар соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасонии низоми бонкӣ ҳисобот доданд.


Нақши ВАО дар инъикоси интихобот 
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба мо дар Комиссия шарҳ доданд, ҳадаф аз баргузории ҷаласа омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти ВАО дар инъикоси воқеъбинонаи омодагӣ ва ҷараёни баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон, мебошад.

Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив