ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 

Зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 

14 январ 2025, Сешанбе
20
0


Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  10,6 фоиз зиёд мебошад. 
Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дода шуд. 
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии ин омилҳо ба бозори истеъмолӣ бояд тамоми имкониятро барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона намоем.


Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА дар самти тағйирёбии иқлим 
13-уми январ вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва САҲА ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак мулоқоти раиси Кумита Баҳодур Шерализода бо сафир ва роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА Вилли Кембел доир гардид.
Дар Кумита ба мо тавзеҳ доданд, ки  ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Мусоҳибон, ҳамзамон, оид ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ба мувофиқа расиданд.


Вохӯрӣ вобаста ба нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ 
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила вохӯрии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода бо занони фаъол, роҳбарони сохторҳои маҳаллии кумита ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии занон баргузор гашт.
Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ доданд, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои муҳими раванди интихобот, нақши интихобот дар таъмини сулҳу субот ва ҳамгироии ҷомеа, иштироки занон дар интихобот, баробарӣ дар татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ, нақши занону духтарон дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва дигар мавзуъҳои ба ин масъала дахлдор  суҳбат намуданд.


Соли 2025 – Соли таъмини сифат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 
Дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳа, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, таъмини базаҳои моддию техникии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.


Фаъол гардидани хатсайри нави ҳавоӣ 
Шуруъ аз 15-уми январи соли равон Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе – Кӯлоб – Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол менамояд. 
Дар Ширкат ба мо тавзеҳ доданд, ки парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлоб бо ҳавопаймои АН-28 ҳафтае се маротиба: сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Кӯлоб соати 10:00 муқаррар гардидааст. Давомнокии парвоз 30 дақиқа буда, нархи чипта 300 сомониро ташкил медиҳад. 


Идомаи босуръати корҳои сохтмонӣ дар НБО «Себзор» 
Қатъи назар аз сардиҳои шадид (то -30 дараҷа), корҳои сохтмонӣ дар НБО «Себзор» бо суръати баланд давом доранд.
Тавре хабарнигори минтақавии мо Раҳмони Гулзор иттилоъ дод, корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир идома ёфта, тибқи нақша, Неругоҳ дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки НБО «Себзор» бо иқтидори 11 мВт дар дарёи Шоҳдара бунёд шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он, иқтидори энергетикии ВМКБ 25 дарсад меафзояд.

Санаи нашр: 14.01.2025 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив