АФЗАЛИЯТ БА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ дорад. «Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад”, – омадааст дар Паём.
Даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Дар асоси супориши Сарвари давлат, ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли равон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо, аз 20 то 30 фоиз зиёд карда мешаванд. Дар баробари ин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ, 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи кор таъсис ёфтааст. Дар ин росто, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, самаранок гардондани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон, дигар тадбирҳои марбут ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар партави иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар назди кормандони муассисаҳои илмӣ вазифаҳои нав гузошта мешаванд. Маврид ба таъкид аст, ки Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои давраи солҳои 2022-2026 мавзуи илмии “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст.
Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ дар раванди таҳияи лоиҳаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он иштироки фаъолона доранд. Корҳои илмии олимони мо ба мақсад ва вазифаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 мутобиқанд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар Паём солҳои 2025-2030 – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шуданд. Бо ин мақсад, зарурати танзими самараноки бозори меҳнат, механизмҳои босамари ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави кор дар ҳамаи соҳаҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисос, касбомӯзии калонсолон, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ғайра таъкид ёфтаанд. Масъалаҳои зикршуда бевосита ба шуғли пурмаҳсул рабт доранд. Аз ин рӯ, дар Пажӯҳишгоҳ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи чунин масъалаҳо афзалият дода мешавад:
- вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо дар иқтисодиёт;
- равандҳои демографӣ ва таъсири онҳо ба рушди шуғли пурмаҳсул;
- омӯзиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон;
- такомули ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шуғли пурмаҳсул дар деҳот ва рушди ҳунарҳои мардумӣ;
- дурнамои ташаккули низоми шуғли пурмаҳсул дар робита ба талаботи бозори меҳнат.
Дар рафти корҳои таҳқиқотӣ ба нақши равандҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ба рушди соҳаи саноат аҳамияти хосса дода мешавад, зеро онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти самарабахши меҳнатӣ, таъмини аҳолии қобилияти коридошта бо шуғли пурмаҳсул мавқеи муҳим доранд. Ҳамзамон, масъалаҳои такмили низоми музди меҳнат, вазъи кунунии сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба беҳбудӣ ниёз доранд, ба таҳқиқот фаро гирифта мешаванд.
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА,
директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолӣ”