ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ

15 январ 2025, Чоршанбе
2
0


Дар толори МИМҲД Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Лу Бинг, директори ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа, вохӯрд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст. 
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шумурда, афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
Ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст. Ширкати мазкур барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст. Соҳаи нафту газ  ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳалаи кунунӣ бо суръат рушд доранд.


Ба имзо расидани созишномаҳои молиявӣ
Дар Вазорати молия маросими баимзорасонии созишномаҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли ба имзо расонданд. Маблағи умумии созишномаҳои мазкур 39 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур, вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ мебошад.


Иштироки сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар вохӯрии дӯстони Бунёди рушди сабз 
13-уми январ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар вохӯрии ҳафтуми дӯстони Бунёди рушди сабз иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар доираи он Салоҳиддин Киром бо директори иҷроияи Бунёди рушди сабз Мафалда Дуарте мулоқот намуд. 
Зимни вохӯрӣ М. Дуарте барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он 29-31-уми майи соли равон дар Душанбе дар назар аст, даъват шуд.


Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон 
«Дар шаҳри Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад»,  – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  
Дар Анҷуман аз ҳар ду ҷониб 400 нафар иштирок намуда, пас аз ифтитоҳи расмии ҳамоиш, наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Эрон пешниҳод мегардад. 
Ҳамчунин, дар панелҳои «Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: Нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ» ва «Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон – пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ» гуфтушунидҳои судманд сурат хоҳанд гирифт. 


Бонки миллӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
Бонки миллӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонк тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии аз нуқра сиккашуда ба фурӯш гузошта шудаанд.  
Бонк иттилоъ медиҳад, ки тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашну солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳими таърихӣ бо ҳадафҳои нумизматӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд. 
Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии «600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ»,  «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «90-солагии шаҳри Душанбе», «5500-солагии Саразм», «3000-солагии Ҳисор», «Бозиҳои олимпӣ», «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «10-солагии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» ва «Бахшида ба оғози кори НБО «Роғун»» аз ҳамин қабиланд.

Санаи нашр: 15.01.2025 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив