ИНТИХОБОТ. БА ҲАМАИ СУБЪЕКТОНИ ИШТИРОКЧӢ ШАРОИТИ БАРОБАРИ ТАШВИҚОТ ФАРОҲАМ ШУД
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13-уми январ таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссия, баргузор гардид, бо қарори дахлдор Қоидаҳои гузарондани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ баррасиву қабул гардиданд.
Ин амр дар баробари дигар тадбирҳои анҷомшуда, ба шаффофу ошкоро баргузор намудани интихобот, таъмини шароити баробар барои ҳамаи субъектҳои иштирокчӣ ва муайян намудани василаи гузарондани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъд аз бақайдгирии номзад оғоз ёфта, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Ҳамзамон, КМИР бо қарорҳои вижа Тартибҳоро дар бораи ташкили хазинаи интихоботӣ, истифодаи он аз ҷониби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсие, ки ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад пешбарӣ намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ кард.
Дар ҷаласа ба манзури инъикоси ҳамаҷонибаи интихобот, пешниҳоди маълумоти саривақтӣ, саҳеҳ ва ошкоро ба интихобкунандагон намояндагони воситаҳои ахбори омма низ сабти ном шуданд. Бар асоси қарори дар ин бора қабулшуда, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ баъд аз бақайдгирӣ ҳуқуқи иштирокчии раванди интихоботро пайдо мекунанд.
Ба ин тартиб, танзими раванди қонунӣ ва корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озоду демократӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад.
Ф.ҶУМЪАЗОДА,
“Ҷумҳурият”