ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ДАР СОЛИ 2024

ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ДАР СОЛИ 2024

16 январ 2025, Панҷшанбе
27
0


Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки дар соли 2024 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш ба харҷ доданд. Мавриди зикр аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, тақвиятбахшии фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намуданд.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Мирзозода Музаффар оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд. Дар идома муовини раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки бахшида  ба  Ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  сохтмони  6260  иншоот  пешбинӣ гардида, дар умум, зиёда аз 3,5 ҳазор   иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  Танҳо  дар  соли  2024  дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъиноти гуногун бо  таъсиси  садҳо  ҷойи  корӣ  ба истифода дода шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони вилоят равона карда шавад.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.
Зикр гардид, ки роҳбарон, фаъолон ва меҳнаткашони вилоят дастуру супориш, ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баённамударо ҳамарӯза пешаи корӣ қарор дода, масъулият ва фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо боз ҳам афзун менамоянд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив