Дархости Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб барои санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории МИМҲД шаҳри Душанбе дар соли 2024 дархост ирсол намуд.
Тавре ба мо аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ҳадафи гузарондани санҷиш таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомот мебошад. Аз ҷумла, аз Палатаи ҳисоб дархост шудааст, ки самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии шаҳрро санҷад.
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон
15-уми январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни он Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун»» баррасӣ гардид.
Тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
15-уми январ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи васеи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист матраҳ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастури доимӣ барои ҳар корманди соҳа мебошад, то вазифаҳои базиммагузошта сари вақт амалӣ гарданд.
Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон
«Байни Тоҷикистон ва Эрон дар самти ҷалби сармоя ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ имконияти мусоид мавҷуд аст». Ин нукта дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон, ки 15-уми январ баргузор гардид, садо дод.
Хабарнигори мо аз ҷараёни баргузории нишасти намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон иттилоъ дод, ки дар ин муколама роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар, инчунин, доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштироки фаъол доштанд.