МАРҲАЛАИ ПЕШБАРИИ РӮЙХАТИ НОМЗАДҲО БА АНҶОМ РАСИД
16-уми январи соли 2025 марҳалаи пешбарии рӯйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Вобаста ба ин, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон рӯз таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР, баргузор гардид, масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар натиҷа, тартиби пешбарии рӯйхати номзадҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ дониста шуда, бо қарори Комиссияи марказӣ рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 номзад, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 номзад тасдиқ гардид.
Бо мақсади огоҳӣ ва шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳои аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбаригардида ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба қайд гирифта шуда, оид ба тасдиқи шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба тасвиб расид.
Тавре аз КМИР ба мо хабар доданд, ҳамчунин, бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ ҷиҳати таъмини шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, инчунин, тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ карда шуданд.
Ф. ҶУМЪАЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14