ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

21 январ 2025, Сешанбе
6
0


Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, дар толори бошукӯҳи Қасри Миллат, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён, маросими бошукӯҳи имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо, сарварони ҳар ду кишвар Баёнияи муштараки худро имзо намуданд, сипас дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, 23 санади дигари нави ҳамкорӣ, ки фарогири масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт, ба имзо расиданд, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши кадрҳо, ки ба он Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулносир Ҳимматӣ, вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гузоштанд. Зикр бояд кард, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, дар таҳкими ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо нақши муҳим мебозад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


РАҚАМИКУНОНӢ. ОМИЛИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ГУМРУКӢ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рақамикунонии гумрукӣ – омили афзалиятноки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Хадамоти гумрук вобаста ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ дар Тоҷикистон дар бораи фаъолияти пурсамари ин ниҳод дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, ба иштирокчиён ва омӯзгорон вобаста ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, густариши раванди иқтисоди рақамӣ, татбиқи «иқтисоди сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ гузориш доданд.

Зикр шуд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2025-2029 бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилот дар соҳаи гумрук, мутобиқ гардондани самтҳои асосии гумрук ба талаботи ҷаҳони муосир мавриди таҳия қарор дошта, самтҳои асосии рушди мақомотро барои 5 соли оянда муайян хоҳад кард.
Ҳадаф аз ҷорӣ намудани системаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол ва ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо дар шакли электронӣ, ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозӣ, шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад. Шуруъ аз моҳи майи соли 2025 модулҳои системаи иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала ба таври расмӣ роҳандозӣ хоҳанд гардид. 

М. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.01.2025 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив