ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тоҷикистон ба мардуми Ғазза  кумаки башардӯстона равон намуд

Тоҷикистон ба мардуми Ғазза  кумаки башардӯстона равон намуд

23 январ 2025, Панҷшанбе
5
0



Дар доираи иқдоми башардӯстонаи давлатҳои аъзои Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии подшоҳии ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карда мешавад, кишвари мо ба мардуми Ғазза барои бартарафсозии мушкилоти норасоии ғизо ҳамчун кумак 200 тонна орди аълосифат  фиристод.  
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, интизор меравад, ки корвони ёрии башардӯстона рӯзҳои наздик ба гузаргоҳи сарҳадии Карам Абу Салем мерасад ва дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) он, тақрибан, ба 8 ҳазор хонавода тақсим карда мешавад.


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Вершинин 
20-уми январ дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Вершинин баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни суҳбат ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили муқовимат ба таҳдиду хатарҳо дар доираи абзорҳои бисёрҷониба баррасӣ шуд.


Омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо 
Масъалаи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селесте Сауло баррасӣ гардид.
Дар Кумита ба мо тавзеҳ доданд, ки мусоҳибон ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба обу иқлим ёдовар шуда, таваҷҷуҳи хосаро ба масъалаи оғози Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби фаъолонаи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба раванди татбиқи ин ташаббус ҷалб намуданд.


Намояндаи Тоҷикистон дар вохӯрии Гурӯҳи 77 ва Чин 
21-уми январ дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи 77 ва Чин баргузор гардид, ки дар он мушовири намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ Ҳотам Қурбонзода иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки  намояндаи Тоҷикистон ба аҳамияти идомаи ҳамкории давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар масоили муҳими глобалӣ, аз ҷумла захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, таъкид кард.


Ҳамоиш доир ба рушди инноватсияи рақамӣ 
21-уми январ доир  ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) таҳти унвони «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Таъкид шуд, ки рушди инноватсияи рақамӣ ва технологияҳои муосир барои Тоҷикистон самти муҳими сиёсати миллӣ буда, дар оянда метавонад ба рушди устувор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.


Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» 
Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Олмон – шаҳри Берлин, ҷараён дорад, иштирок менамояд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гӯшаи  намоишии Тоҷикистонро ташкил намудааст.

Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив