АШТ. БЕҲТАРИН НОҲИЯ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

23 январ 2025, Панҷшанбе
16


Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024 бо қарори ҳайати ҳакамон Ашт беҳтарин ноҳия дар вилояти Суғд эълон гашт.
Воқеан ҳам, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарварии Шуҳрат Муҳаммадзода баҳри таъмини иҷрои вазифаҳои барномавӣ, фаъолияти бомарому самарабахш ва рушди босуръати соҳаҳои хоҷагии халқ  ҳамаи имконияту захираҳои мавҷударо равона намудааст. Хурду калони ноҳия самимона баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, дар давоми солҳои 2022-2024  дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти  ноҳия  929  иншооти ҷашнӣ бо арзиши сохтмонию бунёдии 177 миллиону 48 ҳазор сомонӣ бо ташкили садҳо ҷойҳои кории нав ба истифода дода шуданд. Аз шумораи  умумии  иншоот, дар ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон – 133, деҳоти Понғоз – 183, Ошоба – 66, Шодоба – 103, Меҳробод – 83, Ашт – 136, Пунук – 71, Ифтихор – 60, Ориён – 94 адад  бунёд шудааст.  Таъкид бояд кард, ки ноҳияи Ашт дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ нахустин шуда, нақшаи бунёди ишоотҳоро бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба иҷро расонд.
Аз иншооти болоӣ, 17 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, 3 иншооти соҳаи тандурустӣ, 16 иншооти соҳаи маориф, 3 майдончаи варзишӣ, 3 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 25 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 16 пул, 5 бинои маъмурӣ, таъмиру барқароркунии роҳҳо ва дигар иншоот мебошад. 
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоно дар ноҳия корҳои ободонӣ вусъат ёфта, корҳои чароғонкунӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди роҳравҳо, насби шиору овезаҳои тарғиботӣ амалӣ гардиданд. Дар ин замина, зиёда аз 90 ҷароғаки замонавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ насб гардида, зиёда аз 1 километр роҳрав бунёд ва зиёда аз 200 овеза ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ насб карда шудааст. 
Ба суоли он ки оё Ашт бо чунин суръати бунёди корхонаҳо ва истеҳсоли зиёди меваю сабзавот солҳои наздик аз ҳолати ноҳияи субвенсионӣ-дастнигарӣ раҳоӣ ёфта метавонад, раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода посух мегӯяд, ки: “Дар оянда, албатта, ба чунин ҳадаф хоҳем расид. Барои ин дар баробари бунёди силсилакорхонаҳои  истеҳсолӣ, ба рушди воқеӣ-интенсивии ҳаматарафаи соҳаи кишоварзӣ, коркарди ниҳоии меваю сабазавот ноил шуда,  аз захираҳои ғании зеризаминӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ҳастанд бояд баҳрабардорӣ кард”. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои мавҷуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Соли 2024 дар соҳаи саноат ба маблағи 329 миллиону  443 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023-ум 9 миллиону 773 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 103,1 дар сад таъмин гардид.
Дар ин давра аз  27 корхонаву коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 24-тоаш фаъолият намуда, 16 корхонаву коргоҳҳо нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳия ҷиҳати дар рушди босуботи  иқтисодӣ ва  тасмимҳои созандагӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ арзи сипос карданд. То чи андоза ба Шумо муяссар шуд онҳоро сарҷамъ созеду ба иқдомҳои бунёдкорӣ равона созед?”, – мепурсам аз раиси ноҳия. 
– Мусаллам аст, ки феълан ҳама бунёдкориҳо дар кишвар, шаҳру навоҳӣ бо иштироки фаъолонаи соҳибкорони бонангу номус ҷараён мегирад. Бе ваҷҳ нест, ки дар ироаи ҳар Паёми худ Президенти кишвар  аз минбари баланд ба соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати чунин саҳмашон дар созандагию ободии кишвар арзи сипос мекунанд. Хушбахтона, дар ноҳияи Ашт ҳам сафи чунин соҳибкорони ватандӯсту саршор аз муҳаббат ба ин марзу бум хеле зиёданд, ки ҳамеша омодаанд рисолати шаҳрвандии худро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд.  Давоми соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ  панҷ   корхонаю коргоҳи саноатӣ  таъсис дода шуд, ки он ҶДММ “Сабина” бо иқтидори солонаи истеҳсоли  1600 метри мураббаъ хишти роҳрав  бо таъсиси 3 ҷойи корӣ дар деҳоти Ориён, ҶДММ “Мирҷаҳон” бо иқтидори солонаи истеҳсоли  20 ҳазор дона хишти сементӣ бо таъсиси 2 ҷойи корӣ дар деҳоти Пунук, ҶДММ “Меваи Ашт” бо иқтидори солонаи бандубасти 200 тонна меваи хушк  ва таъсиси 4 ҷойи корӣ дар деҳоти Шодоба мебошад. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаи ресмонресӣ бо иқтидори коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз  бо таъсиси 450 ҷойи корӣ  ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуд. Баъдан, бо иштироки соҳибкорони фаъоли маҳаллӣ, мардуми саховатпешаи ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия дар давоми соли 2024 наздики 190 километр роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳалливу ҷумҳуриявидошта таъмир шуданд. Ин иқдом имсол низ давом хоҳад ёфт, – посух дод Ш. Муҳаммадзода.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”   

Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17