ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 2022 СОЛИ ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСҲОИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

2022 СОЛИ ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСҲОИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

12 апрел 2023, Чоршанбе
240
0
Соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, инчунин, таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллии Тоҷикистон  соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию  иҷтимоии  мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ халқи ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин Ҷашни муқаддаси миллӣ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ даҳҳо иншооти гуногуни таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд карданд. Сохтмони садҳо иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром идома дорад. Танҳо дар пойтахт бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе беш аз 700 иншоот, аз ҷумла 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва ғайра бунёд карда шуд. Дар ифтитоҳи аксари иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Соли 2022 ба шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати мамлакат, талошҳои созандаи мардум, новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон ва таъсири дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат, рушди босуботи иқтисодии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 115,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш таъмин гашт. Сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,8 банди фоизӣ кам аст. Ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 36,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши савдо 47,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 11,2 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 18,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 16 фоиз зиёд мебошад. Дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис ёфт.
Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 595 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 108 фоиз, вилояти Хатлон 103 фоиз, вилояти Суғд 105 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 100,4 фоиз таъмин гардид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки мардуми мамлакат бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди миллӣ ба комёбиҳои беназир ноил гашта, дар рушду пешрафти давлат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати  ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Соли 2022 аз он хотир барои мардуми шарафманди тоҷик хотирнишон аст, ки ибтикори панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории аксари кулли кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ҳамин тавр, рӯйдоди муҳими соли 2022  14 декабр қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва таҷлили 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад.
Соли рафта 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Ба ин хотир, 8 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми шодбошии худ мардуми мамлакатро ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик карданд.
8 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-солагии  Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи “Истиқлол” рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр – рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ – 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро таҷассум менамояд.
Дар Майдони “Истиқлол”, ки масоҳати умумиаш 30 гектар мебошад, беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занон, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Бо ибтикори Сарвари давлат дар майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонда шуданд.
Акнун баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва хонаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон гардид, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудааст.
Соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, сохтмони 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино ва якчанд иншооти дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ гардид.
Нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 126 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103 фоиз, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109 фоиз афзоиш ёфт.
Соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногун ва собиқадоронро, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои махсус қадр карданд.
Санаи дигари хотирмон дар соли 2022 – Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 16 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар чорабинии  тантанавӣ ва тантанаҳои  идона ба ифтихори солгарди Иҷлосияи таърихӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми мамлакатро бо солгарди Иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мардум мебошад, табрику таҳният гуфтанд. 
Сарвари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдашон вафо кардаву ба мардум сулҳ оварданд, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми шарафманди мамлакат баҳри ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон андеша ронданд.
Таъкид гардид, ки раванди давлатсозии тоҷикон маҳз аз ҳамин Иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзу карданд, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонда, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.
Соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ 12 маротиба маҷлисҳои васеъ ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа баррасӣ шуданд.
Давоми соли 2022 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 маротиба дар соҳаҳои гуногун, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, макомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, сарҳадот ва ғайра таъиноти кадрӣ гузаронда шуда, кадрҳои ҷавону корозмуда ва донандагони забонҳои хориҷӣ ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд.
Сарвари давлат онҳоро ба риояи қонунҳо, содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан ва манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузоштан ҳидоят намуданд.
Дар доираи сиёсати хирадмандона ва башардӯстона бо хислатҳои накуи инсонпарварӣ дар соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон 7 маротиба бо ятимон мулоқот карда, ба 540 нафар ятими кулл кумакҳои моддӣ расонданд.
Дар рӯзҳои аввали соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ва дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои дахлдорро имзо карданд.
Соли 2022 бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашнҳои давлатӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо шаҳрвандони мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 маротиба дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 10 маротиба, вилояти Суғд 4, вилояти Хатлон 10 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 маротиба сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо ва табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимони кулл, суҳбату вохӯриҳои самимию созанда доир карданд.
 
САНОАТ
Эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи устувор гузошт.
 
Дар мамлакат 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардида, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзуд.
Давоми соли 2022 бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе 53 корхонаи гуногуни истеҳсолиро бо беш аз 6000 ҷойи корӣ ифтитоҳ карда, барои бунёди 2 корхонаи азими саноатӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ашт  санги асос гузоштанд.
Корхонаҳои калони саноатие, ки соли 2022 аз тарафи Сарвари давлат ба истифода дода шуданд, инҳо мебошанд: корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” дар шаҳри Бӯстон бо 50 ҷойи корӣ (08.02.2022), корхонаи заргарии “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон бо 30 ҷойи корӣ (08.02.2022), корхонаи истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Левакант бо 250 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳо дар шаҳри Левакант бо 280 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли хишт дар шаҳри Левакант бо 650 ҷойи корӣ (20.03.2022), марҳилаи сеюми корхонаи истеҳсоли халтаҳо дар ҶДММ “Суғдпак” дар шаҳри Бӯстон бо 150 ҷойи корӣ (15.04.2022), корхонаи ҶДММ “Органик-Ян 2” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 100 ҷойи корӣ (15.04.2022), корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ бо 130 ҷойи корӣ (17.04.2022), ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дар ноҳияи Данғара бо 520 ҷойи корӣ, Маҷмааи парвариши чорвои хушзоти Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара бо 40 ҷойи корӣ (28.04.2022), КВД “Чарми Данғара”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 45 ҷойи корӣ, коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии ҶДММ “Файзи Карим” дар ноҳияи Данғара бо 250 ҷойи корӣ (17.06.2022), коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон бо 45 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 86 ҷойи корӣ (09.08.2022), ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан бо 100 ҷойи корӣ (10.08.2022), корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” дар шаҳри Душанбе бо 80 ҷойи корӣ, коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ ва бетон бо озмоишгоҳи муосир дар Маҷмааи истеҳсолии КВД “Роҳсоз” дар шаҳри Душанбе бо 600 ҷойи корӣ дар се баст (13.09.2022), коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак бо 100 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли микросемент дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак бо 36 ҷойи корӣ (24.10.2022), корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон бо 50 ҷойи корӣ (02.11.2022), корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва чорвои ҶДММ “Анко-Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 100 ҷойи корӣ (13.11.2022), корхонаи ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” дар шаҳри Душанбе бо 500 ҷойи корӣ (20.12.2022) ва ғайра.
Ҳамчунин, соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла барои оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо 500 ҷойи корӣ (14.04.2022) ва ҷиҳати оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонии корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ дар ноҳияи Ашт бо 450 ҷойи корӣ (16.04.2022) санги асос гузоштанд.
 
ЭНЕРГЕТИКА
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва татбиқи ҳадафи стратегии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои созанда амалӣ гардиданд.
 
Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба 21,4 миллиард киловатт-соат расонда шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди назаррас мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2021-ум 776 миллион киловатт-соат ё 3,8 фоиз зиёд гардид.
Ҳоло дар соҳа татбиқи 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ дар марҳалаи татбиқ қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2022 таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак” ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва “Қайроққум” ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома ёфт.
Соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи муҳими энергетика дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон агрегати рақами 3-юми Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ва дар шаҳри Норак агрегати рақами 1-и НБО “Норак” ба номи Турсун Ӯлҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода доданд.
Агрегати 3-юми НБО “Сарбанд”, ки баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин неругоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Дар  даврони  соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати  мамлакат баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми НБО “Норак” пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Баъди пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба НБО “Норак” умри дубора бахшида мешавад ва иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Ба истифода додани агрегатҳои неругоҳҳои “Сарбанд” ва “Норак” дар боло бурдани иқтидори истеҳсоли неруи барқи мамлакат саҳм мегузоранд.
Мавриди тазаккур аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср –  Неругоҳи барқи обии “Роғун” бомаром пеш мераванд. Бо ин мақсад, соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Роғун бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Муҳайё будани имконияти созгор барои кормандон ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки корҳои сохтмон тибқи нақша бомаром идома ёбанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулон ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” дастур доданд, ки корҳоро мутобиқ ба талабот анҷом диҳанд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат, Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлоли энергетикӣ мебошад. Мардуми тоҷик ба азму ирода ва неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд.
 
РОҲҲО
Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
 
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долони зиддитармавӣ ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.
Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду навсозии роҳҳо ва тақвияти имконоти транзитии мамлакат дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр), оғоз гардид.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад.
Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Бо назардошти муҳимияти ин ҳадаф, соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳу пулҳои мошингард ифтитоҳ шуда, лоиҳаҳои дигар оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳо муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияҳо (16.06.2022) шинос шуданд.
23 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро бо дарозии 140 ва паҳноии 10 метр ва иқтидори борбардории 100 тонна мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз иншоот ба кори сохтмончиёну роҳсозон баҳои баланд доданд.
Пули мазкур қисми таркибии сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб-Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма ба шумор рафта, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо мақсади раҳоӣ  аз  бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ амалӣ гашта, монеа ва мушкилоти мавҷударо дар рафтуомади ҳама гуна нақлиёт бартараф месозад.
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.
Таъмиру навсозии роҳи мазкур, агар аз як ҷониб, боиси беҳтар шудани рафту омад ва интиқоли молу маҳсулот гардад, аз ҷониби дигар, боиси ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи хушобуҳавои Тоҷикистони биҳиштосо хоҳад шуд.
 
КИШОВАРЗӢ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои дигари стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи пурраи он бо роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ ба даст меояд.
 
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои давлатию стратегияҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2022 тадбирҳои мушаххасро амалӣ кард.
Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли рафта 49,3 миллиард сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2021 ба 108 фоиз баробар гардид. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонда шуд.
10 феврали соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба Ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи шоиста баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.
14 апрел Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин Ҷашни хусравонӣ андеша ронда, ба мардуми ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон – созандагию ободонӣ изҳори сипос намуданд. 
Соли 2022 дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, аз қабили барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти меваю сабзавот ба хориҷ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, обёрии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобидаю боир, бунёди боғҳои нави интенсивӣ, таҷдиди боғҳои куҳна, таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи босамари гармхонаҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи мавриди ниёзи аввал шинос шуданд.
Зимни ин сафарҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои нави интенсивӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро ифтитоҳ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи обёрии заминҳо, аз ҷумла бунёду ба истифода додани хатҳои нави интиқоли об ва дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд бо рафти кишти такрорӣ, нашъунамои пахта ва дигар зироат таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат хатти оби полизиро мавриди истифода қарор дода, дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” (08.02.2022) ва дар “Боғи миллии Ваҳдат” (09.02.2022) ба бунёди боғҳои нави интенсивӣ асос гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент нахуст хатти оби полизиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода дода, ба бунёди боғи нави интенсивии чормағз дар майдони 14 гектар оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат фермаи чорвопарвариро барои парвариши 100 сар чорво бо 15 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор доданд, (14.04.2022).
15 апрел дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат хатти оби полизӣ, Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухм бо 100 ҷойи кор ва коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина К”-ро бо 15 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода, ба корҳои бунёди боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии “Сомонӣ” бо 15 ҷойи кор оғоз бахшиданд.
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд хатти оби полизӣ, боғи нави гелос ва фермаи чорвопарварии Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” (16.04.2022) мавриди истифода қарор дода шуд.
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд. 
Давоми соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус тараққӣ додани бахшҳои чорводорӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ ва коркарди саривақтию беталафи ҳосили бадастовардаи марди деҳқон, якчанд корхонаю коргоҳ, гармхона ва сардхонаҳоро ифтитоҳ карданд.
Бунёди коргоҳу корхонаҳо, агар аз як тараф, омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон бошад, аз ҷониби дигар, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати афзоиши маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи мамлакат мусоидат мекунад, зеро меваҳои аксари боғҳои интенсивӣ ба содирот нигаронда шудаанд. Дар навбати худ фурӯши маҳсулот дар хориҷи мамлакат боиси даромади хуби иқтисодии хоҷагиҳо ва корхонаҳои ватанӣ мегардад.
 
МАОРИФ
Маориф бахши муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 6,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 14,3 фоиз зиёд мебошад.
 
Афзоиши ҳаҷми маблағгузории соҳа, бунёди даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои томактабӣ дар саросари мамлакат, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷудо намудани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдаст баҳри идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз тадбирҳои мушаххаси дар ин самт амалишуда мебошанд.
Бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа 221 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни сафарҳои кории Сарвари давлат дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои томактабӣ, коллеҷҳо, гимназияҳо, мактабҳо ва биноҳои иловагии таълимии донишгоҳу донишкадаҳо ба истифода дода шуда, ба хотири шиносоӣ бо вазъи соҳа, шароити таҳсили хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон мулоқоту вохӯриҳои судманди Пешвои миллат бо аҳли маорифи мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷмуъ, соли 2022 барои рушди соҳаи маориф 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 гимназия, 1 литсей, 8 боғчаи бачагон, 3 хобгоҳ барои донишҷӯён, 1 донишгоҳ, 4 бинои иловагии таълимӣ ва маъмурии донишгоҳҳо, 4 коллеҷи тиббӣ ва ҳунармандӣ, 1 бинои шуъбаи маориф ва хобгоҳу бинои таълимӣ барои мактаб-интернат ба истифода дода шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чун анъанаи наку 1 сентябр дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок карда, дар бораи сиёсати сулҳовар ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша меронанд.
Ин навбат чунин мулоқот 1 сентябри соли 2022 дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи мамлакатро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин, ба муносибати ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино самимона табрику таҳният гуфтанд.
 
ТАНДУРУСТӢ
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 фоиз зиёд мебошад.
 
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 116 миллион сомонӣ равона гардида, ба 31 ҳазор нафар, аз ҷумла 9,5 ҳазор кӯдаки ниёзманд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонда шуданд.
Соли 2022 дар якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои муосири тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коллеҷҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурии соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешак, барои рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ мусоидати амиқ мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи тандурустӣ дар ифтитоҳи даҳҳо иншоот иштирок карданд. 
Дар маҷмуъ, 23 муассисаи табобатӣ, ташхисӣ ва таълимӣ дар соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
 
ФАРҲАНГ
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа - ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
 
Давоми соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат дар якчанд шаҳру ноҳияҳо дар доираи сафари корӣ даҳҳо адад иншооти фарҳангӣ, аз қабили боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдони Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бо гулгашту хиёбонҳои зебо ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Темурмалики шаҳри Гулистони вилояти Суғд пас аз таҷдиду навсозӣ (9.02.2022), Парчами давлатӣ, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ, Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон (21.03.2022), гулгашти ба номи Исмоили Сомонӣ бо муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчаму Нишони давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент (14.04.2022), Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт (16.04.2022), Боғи фарҳангию фароғатӣ дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара (28.04.2022), Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом (11.08.2022), Маҷмааи “Дуои Модар” бо муҷассамаи модар дар шаҳри Кӯлоб (23.10.2022), Боғи фарҳангию фароғатии “30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо муҷассамаи “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихӣ” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” (16.11.2022) ва ғайра.
Бояд гуфт, ки Боғи фарҳангию фароғатии “30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” як иқдоми созандаю ободонӣ ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда сарчашма мегирад.
  
ЗАНОН
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро духтарону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
 
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ, таъсири назаррас расонда истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. 
Давоми соли 2022 дар якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд, ки дар онҳо даҳҳо нафар занону духтарони хонашин соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
7 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми шодбошии худ бонувони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ, густариш бахшад, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд.
 
ҶАВОНОН
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
 
Ҷавонони мамлакат дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.
Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ давлати ҷавонон аст.
Соли 2022 Ҳукумати мамлакат “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”-ро қабул намуд.
23 май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ҷавонони мамлакатро бо Рӯзи ҷавонон табрик карданд. Дар Паём омадааст: “Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд, зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат басо назаррасу арзишманд мебошад.
Дар замони муосир танҳо давлатҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд. Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст”.
 
ВАРЗИШ
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар муддати ду даҳсолаи охир бо назардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа бунёду навсозии ҳазорҳо иншооти варзишӣ амалӣ гардиданд.
Солҳои охир рушди бомароми соҳаи варзиш дар пойтахт таъмин гардида, дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бисёр тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ толори варзишии “Кохи Олимп” бо 25 ҷойи кор (17.03.2022), Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ бо толори муҳташами варзишӣ ва Академияи футболи “Ювентус” бо 150 ҷойи кор (13.09.2022) ва дар ноҳияи Фирдавсӣ Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” бо 20 ҷойи кор (17.10.2022) мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ба хотири рушди соҳаи варзиш аз ҷониби Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ варзишгоҳи марказии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Аввалин чорабинии идона - таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат ва шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид. Варзишгоҳ 15 000 ҷойи нишаст дошта, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Дар вилояти Суғд Президенти мамлакат Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-и шаҳри Панҷакент (14.04.2022) ва Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-и ноҳияи Деваштич (14.11.2022)-ро ифтитоҳ карданд.
 САЙЁҲӢ
Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ, зиёд гарданд.
 
Танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
17 март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт меҳмонхонаи 4-ситорадори “Румӣ ҳотел энд резиденс”-ро (The Rumi Hotel and Residences) бо 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ, 14 апрел дар хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро бо 37 ҳуҷра, барои 70 мизоҷ бо 30 ҷойи кор ва 17 апрел дар шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи “Ширин”-ро барои 30 мизоҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди меҳмонхонаҳои нав бо шароити арзандаи қабул ва тарҳи шарқиёна муаррифгари санъати баланди меъморӣ, ҳунармандӣ ва меҳмондории тоҷикона буда, ба боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҷаҳонгардон ба мавзеъҳои таърихию қадимӣ ва рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.
28 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни парандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия ба масъалаи вусъати парвариши парандаҳо, зиёд кардани саршумори онҳо, инчунин, оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳҳо ва тавассути ин тадбирҳо муҳайё намудани заминаи рушди сайёҳӣ дастуру супоришҳо доданд.
 
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Новобаста аз мураккабу печида боқӣ мондани равандҳои геополитикӣ ва таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ дар соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ дар асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и хориҷӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ тавсеа ва рушд бахшид.
 
Соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо 30 кишвари олам ва 30-солагии узвият дар Созмони Милали Муттаҳидро таҷлил намуд.
Ба ин муносибат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  сарварони як қатор давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон, Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден, Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Ниинистё, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки давоми соли 2022 сарварони давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ ба унвони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашнҳои давлатию миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои шодбошӣ ирсол карданд.
Тоҷикистон ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.
Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, мамлакати моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси мамлакати мо қарор гирифтааст.
Боиси қаноатмандист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қатънома қабул кард.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлати мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, қабули ин қатънома дар арсаи ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Ба ин муносибат, ба унвони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле, Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас барқияҳои табрикӣ ворид гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли 2022 бо Паёми шодбошии худ мардуми мамлакатро ба муносибати эътироф шудани пешниҳоди Тоҷикистон ва қабули қатъномаи махсус табрик намуданд.
Дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзуъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ, ба ҳайси давлати  ташаббускор боқӣ хоҳад монд”.    
18 октябри соли 2022 бо ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” идомаи мантиқии талошҳову ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб аст.
Дар кори Конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд.
Дар Конфронс Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлатҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ муқовимати муассирро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм, комёб мегарданд.
Ҷиҳати рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (2.06.2022), Ҷумҳурии Арабии Миср (9.03.2022) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (14.12.2022), бо сафарҳои корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (04.02.2022), се маротиба ба Федератсияи Россия (16.05.2022), (07.10.2022.), (26.12.2022), Ҷумҳурии Қирғизистон (21.07.2022.), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16.09.2022.), ду маротиба ба Ҷумҳурии Қазоқистон (12.10.2022.), (27.10.2022.), Ҷумҳурии Арабии Миср (06.11.2022.) ва Ҷумҳурии Арманистон (23.11.2022.) сафар карданд.
Дар доираи ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлатҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо ва ташкилоти бонуфузи олам мулоқотҳои судманд анҷом дода, аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ суханронӣ намуданд.
Давоми соли 2022  2 маротиба бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва селу обхезиҳои шадид хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумакҳои башардӯстона, аз қабили маводи озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ, фиристода шуданд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 санади нави танзимкунандаи ҳамкории давлатҳо ба имзо расид.
Ҳамчунин, давоми соли 2022 сарварони якчанд давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ (11.10.2022.) ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари корӣ (28. 06.2022.) ба Тоҷикистон омаданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар доираи сафари расмии Президенти Беларус дар Тоҷикистон 10 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро бо кишвари дӯсти Беларус дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.
Тоҷикистон ҳамкории худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома медиҳад.
Соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 маротиба дар вохӯрии сатҳи баланди сарварони давлатҳои аъзои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дар ҷаласаву саммитҳо, аз ҷумла Саммити якуми сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” (27.01.2022, шаҳри Душанбе), маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ (04.02.2022, Чин), маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби давлатҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (23.04.2022, шаҳри Душанбе), мулоқоти сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (16.05.2022, Россия), ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (16.09.2022, Ӯзбекистон), ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (13.10.2022, Қазоқистон), ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ+Россия” (14.10.2022, Қазоқистон), мулоқоти якуми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (27.10.2022, Қазоқистон) ва дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (07.11.2022, Миср) ба таври маҷозӣ ва бевосита иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоишҳои сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи устувори Тоҷикистон дар самти пурзӯр кардани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҳалли мушкилоти глобалии сайёра андешаронӣ карданд.
Давоми соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи чорабиниҳо ва дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ 69 маротиба бо роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ вохӯрию суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷи мамлакат бо сарварони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои бонуфуз ва коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла дар Чин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (05.02.2022), дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Президент Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ, Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ (10.03.2022), дар Федератсияи Россия бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин (16.05.2022), дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Президент Саид Иброҳим Раисӣ, Раиси маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф ва Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ (30.05.2022), дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев (02.06.2022) ва дигарон мулоқоту суҳбатҳои созандаю судманд анҷом доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ 33 маротиба бо ҳамтоёни худ - сарварони як қатор давлатҳои хориҷӣ суҳбатҳои телефонӣ анҷом дода, дар Қасри миллат 4 маротиба аз 34 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимодномаҳо қабул карданд.
Соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (13.10.2022) ва дар Ҷумҳурии Арабии Миср иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) (07.11.2022) баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи вазифаҳои умумии Декларатсияи дар ҳамоиши Душанбе қабулшуда андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, аз ҷумла вазъи Афғонистон, баён намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои машваратро ба ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо ҷалб сохтанд.
Дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.    
Захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин коҳиш додани оқибатҳои он, нақши калидӣ доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург давлати моро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030), якчанд санадҳои дигар ва пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.
6 март дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шуро баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шурои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо ибтикори Пешвои миллат дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор шудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои Тоҷикистон таърихӣ ва барои шаҳрвандони мамлакат мояи ифтихору сарбаландист.
 
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА
Самариддин АЙНИДДИН
Санаи нашр: 12.04.2023 №: 75 - 76
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив