ВМКБ. КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода доир ба масъалаи мазкур ба таври муфассал гузориш дод. Дар идома, инчунин, гузориши роҳбарони сарраёсати молия, раёсати андоз, сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, раёсатҳои сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, рушди иқтисод, савдо ва мониторинг, шуъбаи Бонки миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ ва филиалҳои бонкҳои дар вилоят фаъолиятдошта, шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсия, дигар идораву муассисаҳои бахши молия ва иқтисод шунида шуд.
Раиси вилоят дар ҷараёни гузориши масъулони соҳаҳо диққаташонро ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, сифатнок иҷро кардани ҳамаи намудҳои андоз, пешниҳоди омори дақиқ вобаста ба корҳои анҷомдода дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ, назорати иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, иҷрои фармони Роҳбари давлат вобаста ба пардохтҳои ғайринақдӣ, назорати сифати маҳсулот дар бозор, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ ҷалб намуд. Нисбат ба фаъолияти муассисаҳои роҳсозӣ вобаста ба сифати роҳҳо дар самти Хоруғ – Рӯшон ва ширкати “Помир энерҷи” ҷиҳати таъминоти нокифояи аҳолӣ бо неруи барқ дар сармои зимистони соли равон эродҳои ҷиддӣ баён карда шуданд. Дар баробари ин, зикр гардид, ки соли равон сохтмони қисмати шоҳроҳи Душанбе – Кулма аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расида, дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн сохтмони кӯпруки мошингузар дар рӯдхонаи Шорв ва роҳи 4-километраи бар асари офати табиӣ харобгардида дар ноҳияи Шуғнон ба анҷом мерасад. Ба роҳбарияти ширкати “Помир энерҷӣ” дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти дигари муҳими сол – Неругоҳи барқи обии “Себзор” ва дигар лоиҳаҳои ба он дахлдор тезонда, барои то рӯзи ҷашн ба истифода додан омода намоянд.
Раиси вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли гузашта дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат, қадамҳои устувор гузошта шуда, теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ ба 138-то ва маҷмуи маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба зиёда аз 307,2 миллион сомонӣ расонда шуд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 50,2 фоиз зиёд мебошад. Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гаштанд, ки дар ҳудудашон давоми сол на камтар аз 5-6 коргоҳу корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро на камтар аз 20 фоиз зиёд намоянд.
Дар ҷараёни гузориши роҳбарони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаҳои муҳоҷират, занон ва кор бо оила, сайёҳӣ, дин ва расму оин таваҷҷуҳи масъулон ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташкили чорабиниҳои пурмазмуни фароғатию фарҳангӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба вилоят, пешгирии воридшавии фарҳанги бегона ба фарҳанги миллӣ ҷалб карда шуд.
Дар машварат Насрулло Маҳмудзода суханронӣ намуда, фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятро дар робита ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуд. Ӯ миннатдории самимии хешро ба тамоми сокинони вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда, изҳори боварӣ намуд, ки мардуми шарифи Бадахшон 28-умин солгарди Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро дар вилоят бо иштироки Пешвои миллат дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд.
Раиси вилоят дар фарҷоми машварат иброз дошт, ки соли 2024 аз ҳама ҷиҳат барои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мардуми меҳнатқарини вилоят, чун барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, соли бобарор ва пур аз комёбию дастовардҳо маҳсуб меёбад. Вобаста ба кору пайкори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст”. Бо дастгириҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои миллат мардуми заҳматписанди вилоят соли рафта дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят пешравиҳои калон ба даст оварданд ва дар соли 2025 ин дастовардҳоямонро боз ҳам афзун мегардонем. Барои ин тамоми шароиту имкониятҳо муҳайё ҳастанд.
Изҳори бовар шуд, ки соли равон дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташрифи навбатии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст ва дар ин раванд бо ҳузури Сарвари кишвар боз чандин иншооти нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шаҳру деҳоти вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва дар бунёди даҳҳо иншооти дигар хишти аввал гузошта мешавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17