Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба рушд 

24 январ 2025, Ҷумъа
23


22-юми январ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, гуфтугӯ сурат гирифт.


Ҷаласаи кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният 
22-юми январ таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният  Дилшод Раҳмон ҷаласаи кумита баргузор гардид.
Аз Маҷлиси миллӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа қатори 14 масъалаи баррасишаванда, лоиҳаи 12 қонун муҳокима гардид. Доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул шуданд.


Намояндаи Тоҷикистон дар нишаст оид ба натиҷаҳои СОР29 
Мушовири Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ Ҳотам Қурбонзода дар брифинг оид ба натиҷаҳои Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмон оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ. Қурбонзода бори дигар  кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои ҳавасмандро  барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии об (Ню-Йорк, 21-уми марти 2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе,  29-31-уми майи 2025) даъват  намуд.


Дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон тарғиб шуданд
23-юми январ дар доираи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Женеваи  Швейтсария баргузор гардид, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо роҳбарони ниҳодҳои СММ вохӯрд.
Дар  Кумита ба мо тавзеҳ доданд, ки Б. Шерализода оид ба муҳимтарин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо маълумот дод. 
Ҳамчунин, оид ба рафти тайёриҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд маълумот пешниҳод гардида, ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда ба ин чорабинии муҳим даъват шуданд.


Брифинг бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ 
22-юми январ  Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ ба кор шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, ки бахшида ба раёсати мамлакат дар Иттиҳод брифинг баргузор гардид. 
Дар он сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Россия, намояндаи ваколатдори мамлакат дар комиссия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ барои соли 2025 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. 


Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Гурӯҳи бандарҳои Абузабӣ 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо мудири иҷроияи Гурӯҳи бандарҳои Абузабӣ Муҳаммад Ҷумъа аш-Шомисӣ вохӯрд. 
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат бо таваҷҷуҳ ба хизматрасонии транзитию логистикӣ ва содироту воридоти молу маҳсулот баррасӣ намуданд.

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18