ВАНҶ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

24 январ 2025, Ҷумъа
15

Таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар як сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад. 

– Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, дин, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд, – иброз дошт Наҷмиддин Давлатзода, раиси ноҳияи Ванҷ.
– Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ ҷиҳати иҷрои дастуру нишондодҳои дар Паём зикршуда камари ҳиммат баста, талош меварзанд, ки дар ободии диёри хеш, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳмгузор бошанд. 
Сокинони сарбаланди Ванҷ чун дигар мардуми бошарафи ҷумҳурӣ аз Паём то Паём дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Аз ҷумла, натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва соҳаҳои хизматрасонӣ буд, ки маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2024-ум 282 миллиону 757 ҳазору 700 сомониро ташкил дода, нақшаи даромади буҷети ноҳия 110 фоиз таъмин гардид. 
Роҳбари давлат дар Паём оид ба масъалаи беҳтар гардондани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон сухан ронда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат маънидод намуданд. Айни замон, дар ноҳияи Ванҷ 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи бештар аз 87 миллиону 170 ҳазор сомонӣ амалӣ гашта истодааст. 
Дар соли 2024 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба маблағи қариб 10 миллиону 869 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 957 ҳазору 200 сомонӣ зиёдтар мебошад. Бо ибтикори соҳибкорон соли равон дар ҳудуди ноҳия 74 маркази савдо, нуқтаҳои хизматрасонию маишӣ ва 5 меҳмонхона, 3 хостел бунёд гардиданд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои коркарди чӯбу тахта дар деҳаҳои Техарв ва Рованд, коргоҳи коркарди сементблок дар Дашти Язгулом мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 
Бояд зикр намуд, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти ноҳия ба шумор меравад. Ин дар ҳолест, ки барои ҳавасманд кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба миқдори 2 тоннаву 800 кг тухмии картошка, 990 кг тухми гандум ва ба миқдори 2000 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда дастрас гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 271 миллиону 887 ҳазору 800 сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 109,3 фоизро ташкил медиҳад. 
Наҷмиддин Давлатзода таъкид кард, ки дар ноҳия яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан ҳалли худро ёфта, дар иҷрои ҳадафи дуюми стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергатикӣ низ қадамҳои устувор гузошта шудаанд. 
Дар маҷмуъ, дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат барои ҳар як сокини Тоҷикистон  дастури ҳаётист ва дар ин роҳ зарур аст, ки ҳар нуктаи онро сармашқи рӯзгори худ кунем ва баҳри шукуфоиву ояндаи неки ҷомеа кореро анҷом бахшем,- таъкид дошт Наҷмиддин Давлатзода.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18