Таҷлили Ҷашни Сада дар Душанбе
«Имрӯз мо ҷашни Садаро, ки дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон, ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, инъикоскунандаи анъанаҳои ориёитаборон буда, дар онҳо расму ойини қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст ва барои нигоҳ доштани хотираи таърихию дигар анъанаҳои суннатии мо дар ҳаёт нақши босазо доранд, ҷашн мегирем».
Ин матлабро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни ифтитоҳи Ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.
Ҳамзамон, дар ҳар гӯшаи Боғ кишоварзон маҳсули бо ранҷ парваридаи худ, инчунин, асбоби корӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонданд.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи СММ оид ба сукунат
30-юми январ намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба сукунат (UN-Habitat) хонум Ана Клаудия Маринейру Сентену Росбах мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ тарафҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди устувори шаҳрҳо мубодилаи афкор намуда, зарурати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар самти устувории шаҳрҳо, рушди инфрасохтор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро таъкид карданд.
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо вазири муҳоҷирати меҳнатии Филиппин
30-юми январ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо вазири муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Филиппин Ҳанс Лео Какдак вохӯрд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масаълаҳои ҳамкориро дар соҳаи меҳнат ва шуғл, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиш бахшида ба ташаббуси СММ «Огоҳии бармаҳал барои ҳама»
31-уми январ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҳамоише, ки бахшида ба ташаббуси Созмон «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All) баргузор шуд, ширкат варзид.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария ба мо хабар доданд, ки намояндаи Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро барои миллионҳо нафар ёдрас шуда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуд.
Таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни Венесуэла ва Тоҷикистон
31-уми январ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири Венесуэла дар Тоҷикистон Кристофер Мартинес Берротеран мулоқот кард.
Тавре ба мо дар Маҷлиси намояндагон тавзеҳ доданд, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонии ду давлатро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ изҳори итминон шуд, ки фаъолияти самараноки сафир омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни Венесуэла ва Точикистон хоҳад гардид.