МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/2. НИЗОМИ НИГАҲДОШТ БАРҚАРОР АСТ
Як гурӯҳ маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 9 нафар нимаи дуюми 3-юми феврали соли 2025 бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю буранда ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои Муассисаи ислоҳӣ дарафтоданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар натиҷаи ошӯб, 3 нафар корманди Муассиса, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти Муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии Муассисаро ба қатл расонда, фирор намоянд. Дар ҳамин ҳол, муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур шуданд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир гардиданд.
Ба захмиён сари вақт ёрии тиббӣ расонда шуда, вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.
Ҳоло низоми нигаҳдошт ва ҳимояи Муассиса пурра барқарор гардидааст.