ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ БОСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ   

САДА. ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ БОСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ   

04 феврал 2025, Сешанбе
37
0

 

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ  баргузор гардид.

Дар  тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Сада, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин, аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Абдулло Раҳмонзода сокинони мамлакатро бо фарорасии ин Ҷашни ниёгон табрик гуфт ва барои оростани ҷашни зебо ба пешкорону ҳозирон изҳори сипос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, дар замони соҳибистиқлолӣ соли 2009 Ҷашни Наврӯз, яъне соли нави аҷдодии мо, бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт. Баъдан, 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО Ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар нуздаҳумин ҷаласаи ин Созмони бонуфуз Ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд. Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикӣ аз тарафи мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шуда, таҷлил мегарданд.  


Таъкид шуд, ки Иди Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ маҳсуб меёбад. Дар охир, пешқадамони соҳа аз рӯи номинатсияҳои гуногун, инчунин, намояндаҳои васоити ахбори омма барои ҳамкории доимию судманд дар тарғибу ташвиқ, инъикоси татбиқи сиёсати аграрӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар амалигардии рушди устувори соҳ аи кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни Сада бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.  
Ҷашнвора бо барномаи фарҳангӣ ба итмом расид.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив