Барномаи СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз шуд.
Дар ин хусус 3-юми феврал дар Душанбе Дабири кулли Созмон Имангали Тасмагамбетов пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
Мулоқоти муовини якуми Сарвазир бо мушовири Сарвазири Ҷопон
1-уми феврал вохӯрии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Ҷопон таҳти роҳбарии мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон, узви Палатаи намояндагони Парлумон Акихиса Нагашима баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни суҳбат доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон», табодули афкор сурат гирифт.
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири Сарвазири Ҷопон
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон Акихиса Нагашима мулоқот намуд.
Хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ додааст, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба баргузории нишасти сарварони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб
3-юми феврал дар шаҳри Ал-Кувайт вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон бо директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар баргузор шуд.
Зимни он ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши сармоягузории навро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.