ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРОБОД.  АЗ БАИСТИФОДАДИҲИИ 440 ИНШООТИ ҶАШНӢ ТО ОМОДА НАМУДАНИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ

ЗАФАРОБОД.  АЗ БАИСТИФОДАДИҲИИ 440 ИНШООТИ ҶАШНӢ ТО ОМОДА НАМУДАНИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ

04 феврал 2025, Сешанбе
6
0

 
Дар ноҳияи Зафаробод ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии қариб 600 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай, 440 иншоот бо сарфи қариб 110 миллион сомонӣ ба истифода супурда шуд. Дар дигар иншоот корҳо идома доранд.
Аз ҷумла,  бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бунёд гардида истодааст. 
Сокини ноҳия Ҳалимбой Турсунов ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамо қабул намуда, ваъда додааст, ки барои фарзандони диёри худ кӯдакистон бунёд менамояд.  
Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи фаровон” дар заминаи дастгириҳои давлатӣ нақша доранд, ки бо амалӣ намудани лоиҳа парвариши парандаи модарии бройлерро бо мақсади истеҳсоли тухми инкубаторӣ, ки барои парвариши мурғҳои бройлерӣ (барои гӯшт) пешбинӣ мешавад, ба роҳ монанд. Чуноне маълумот гирифтем, барои татбиқи ин лоиҳа 2 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, дар марҳалаи аввал 10 ҷойи нави кор таъсис меёбад ва бо амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда 30 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад. Майдони фабрика қариб 9 гектар буда, соли аввали фаъолият дар назар аст, ки 1 миллиону 566 ҳазор дона тухм истеҳсол шавад.
Дар ноҳия ба масъалаи сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обрасон ба мавсими киштукор  таваҷҷуҳ равона шуда, бо ин мақсад, аз тарафи МИМҲД Суғд маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.  
Ба маълумоти Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, соли 2024 бо мақсади сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз буҷети вилоят 3 миллион сомонӣ равона гардид. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо харҷи 15 миллион сомонӣ як агрегати нав ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” дастрас гашт, ки барои беҳтар шудани обёрии заминҳо мусоидат намуд.   

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив