"СОМОН ЭЙР" БО ШИРКАТИ DAE CAPITAL ОИД БА ХАРИДОРИИ ДУ ҲАВОПАЙМОИ BOEING 737 MAX СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ширкати лизингии DAE Capital (АМА) барои харидории ду ҳавопаймои нави Boeing 737-8 қарордод ба тасвиб расонд. Ҳавопаймоҳои мазкур соли 2026 парки ширкати ҳавопаймоиро ғанӣ гардонда, мавқеи "Сомон Эйр"-ро ҳамчун интиқолдиҳандаи пешбари Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Созишномаи хариди ду ҳавопайморо дар Душанбе директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ва президенти ширкати лизингии DAE Capital (АМА) Дэвид Ҳулиҳан ба имзо расонданд. Маросими тасвиби Созишнома дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” баргузор шуд.
Ба шарофати дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сол ба сол рушд мекунад. Имзои ин созишнома яке аз ҳадафҳои стратегияи дарозмуддати мо оид ба навсозии парки ҳавопаймоӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад.
Ҳавопаймоҳои Boeing 737-8 бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, зиёдшавии давомнокии парвоз ва хусусиятҳои беҳтаршудаи амалиётӣ фарқ мекунанд, ки ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони мукаммалсозии сатҳи бароҳатӣ ва бехатарии парвозҳоро фароҳам меорад. Ҳавопаймоҳои нави Boeing 737-8 боиси тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ, зиёдшавии зичии парвозҳо ва пешниҳоди шароитҳои замонавию бароҳат барои мусофиронамон хоҳанд шуд, – иброз дошт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронда шуда, айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
DAE Capital яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ дар соҳаи авиатсия буда, ба таъмини ҳавопаймоҳои муосир ва самаранок ба ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳон ихтисос ёфтааст
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ИНТИХОБОТ-2025. НОМЗАДҲО ПЕШБАРӢ ШУДАНД
Дар маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ВМКБ Зунайда Раҷабзода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои номбурда, аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар дар ҳавзаи якмандатии № 40, аъзои Созмони ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизб ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд, Алишӣ Ҳаким Давлатзодаро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ванҷ № 40 пешбарӣ намуданд.
Ато Ҳиматзода, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ, ҳозиринро бо тарҷумаи ҳоли номзад шинос намуд. Зикр гардид, ки А. Давлатзода яке аз фаъолони ҳизб буда, дар вазифа ва мансабҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Айни ҳол дар мансаби муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз фаъолият дорад. Номбурда, ҳамчунин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ мебошад. А. Давлатзода вазифаҳои давлатӣ ва хизматиашро доимо бо масъулияти баланд иҷро менамояд.
Ҳамин хел маҷлис дар шаҳри Хоруғ низ бо иштироки раисони комиҷроияҳои ҲХДТ дар ВМКБ ва шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб, аъзоёни комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар дар ҳавзаи якмандатии № 41, аъзои Созмони ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизб доир гардид, ки дар он Азиз Қодир Гиёҳзодаро аз ҳавзаи якмандатии Хоруғ № 41 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизӣ ҳозиринро бо ҳолномаи номзад ва фаъолияти кориаш шинос намуда, зикр кард, ки А. Гиёҳзода дар вазифа ва мансабҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла муовини раиси ВМКБ, раиси ноҳияи Шуғнон бо ҳисси масъулияти баланд кор карда, айни ҳол вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Хоруғ № 41 мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”