ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАЪДЕ, КИ «РОҒУН» БУНЁД МЕШАВАД….

БАЪДЕ, КИ «РОҒУН» БУНЁД МЕШАВАД….

05 феврал 2025, Чоршанбе
14
0


Дар рӯзи таърихии 16-уми ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар маҳали сохтмон бо пахши васлак хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи «Роғун» – зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии НБО «Роғун»-ро бо 19  дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода  доданд. Баъди ин, имконият фароҳам омад, ки барқи агрегати якуми НБО «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикӣ ворид шуда, то ба хонадони мардум расад.
Воқеан, бунёди иқтидорҳои энергетикӣ, албатта, кори муҳим аст, вале аҳамияти сохтани инфрасохтори он, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, аз ин кам нест. Бинобар ин, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон баробари бунёди иқтидорҳои энергетикӣ ба бунёди инфрасохтори он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Бунёди хатҳои баландшиддати барқи «Лолазор – Хатлон», «Ҷануб – Шимол», «Қайроққум – Ашт», «Геран – Румӣ», «Суғд – Қайроққум», «Айнӣ – Рӯдакӣ» бунёд ва таҷдиди зеристгоҳҳои 500/220/110 кВ дар минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи аксари ин иншоот, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқи «Лолазор – Хатлон», «Ҷануб –Шимол», «Қайроққум – Ашт», зеристгоҳҳои барқии «Душанбе-500 кВ», «Суғд-500 кВ», «Геран-220 кВ», иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Бунёди хатҳои баландшиддати фаромарзӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва тавассути онҳо ба кишвари сеюм низ аз тарҳҳои муҳим ва ояндадори энергетикии кишвар ба шумор меравад.
Яке аз тарҳҳои бузурги даврони истиқлолият бобати бунёди инфрасохтори энергетикӣ ин лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Мақсад аз он истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа аст. Амалӣ шудани лоиҳаи CASA-1000, ки зимни он бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистон то Тоҷикистон 477 километр ва аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон 750 километрро ташкил хоҳад дод, барои интиқоли барқ ва ба ин васила ноил шудан ба ҳамкориҳои судманди энергетикӣ шароиту имконият фароҳам меоварад. То бунёди НБО «Роғун» ҳам  алҳол дар Тоҷикистону Қирғизистон дар фаслҳои гарм барқи фаровон мавҷуд аст ва дар марҳалаи аввал, ҳатто, бе бунёди иқтидорҳои иловагӣ низ мумкин аст аз ин хатти интиқоли барқ фоидаи зиёд ба даст оваранд. Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи барқ – Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар сол аз моҳи апрел то октябр, мутаносибан 3 миллиард ва 2 миллиард кВт/соат барқро метавонанд тавассути ин хат таҳвил диҳанд. Дар ин замина, лоиҳаи САSА-1000 дар муносибатҳои  байниҳамдигарии  Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон як марҳалаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Хатти интиқоли барқи ҳозиразамон ва пурманфиати САSА-1000 имконияти ин минтақаро ба куллӣ тағйир дода, бобати ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ  қадами муҳим ба шумор меравад. Лоиҳаи САSA-1000 мураккаб, вале иҷрошаванда аст. Барои амалӣ гаштани  ин лоиҳа Шурои байниҳукуматӣ созмон ёфтааст, ки он дар марҳалаи аввали фаъолияташ ҳамкории манфиатноки байниминтақавиро таъмин менамояд. Дар доираи Шурои байниҳукуматӣ ин чор давлати ба лоиҳа алоқаманд барои амалӣ шудани нақшаҳо, ҷорӣ кардани нуқтаи назар ва қоидаҳои умумӣ, истифодаи меъёрҳои техникиву экологӣ ва таъмини стандартҳои бехатарӣ қарорҳои муштарак қабул менамоянд.
Барои амалисозии лоиҳаи САSA-1000 бунёди иншооти зерин дар назар дошта шудаанд, ки онҳо имконияти техникии низоми энергетикии кишварҳои иштирокдори лоиҳаро таҳким мебахшанд:
– бунёди хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Датка»-и Қирғизистон то Хуҷанд (477 км);
– бунёди зеристгоҳи конверторӣ (табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ) бо иқтидори интиқоли 1300 мВт дар Сангтӯда;
–  бунёди хатти баландшиддати ҷараёни доимӣ дар масофаи 750 км аз Сангтӯда ба Кобул ва Пешовар;
– бунёди зеристгоҳи конверторӣ (табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ) бо иқтидори интиқоли 300 мВт дар Кобул;
– бунёди зеристгоҳи конверторӣ (табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ) бо иқтидори интиқоли 1300 мВт дар Пешовар.
12-уми апрели соли 2016-ро, ки дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарварони чор давлат – Тоҷикистону Қирғизистон ва ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон ба татбиқи лоиҳаи САSA-1000 асос гузошта шуда буд, метавон оғози бунёди ин тарҳи муҳими байналмилалӣ номид. То 2018 тамоми қарордодҳои ин лоиҳа ба имзо расиданд ва алҳол маркази идораи лоиҳаҳои бахши энергетика ба амалӣ намудани он машғул аст.
Ба гумони ғолиб, амалӣ шудани лоиҳаи САSA-1000 на танҳо барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро то Ҳиндустону  Покистон мебарад, балки боиси ҳамкориҳои бештари минтақавӣ ва муносибати ҳасана дар байни ин чор давлати осиёӣ хоҳад шуд.

Нозир ЁДГОРӢ

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив