ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ҶАШНИ САДА ХОТИРМОН ГУЗАШТ 

ВМКБ.  ҶАШНИ САДА ХОТИРМОН ГУЗАШТ 

06 феврал 2025, Панҷшанбе
12
0

      
Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид. Ҳайати расмӣ бо сарварии  раиси вилоят Алишер Мирзонабот, нахуст, аз намоишгоҳи техникаву маҳсулоти кишоварзӣ ва бозиҳои варзишӣ, аз қабили чавгон, шоҳмот, лашбозӣ ва тенниси рӯйи миз дидан намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинӣ  масъулонро таҳният гуфт.
Раиси вилоят, дар зимн, кулли сокинони вилоятро бо ин Ҷашни ниёгонамон табрик гуфта, иброз дошт, ки эҳё ва таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, аз қабили Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада, иқдомест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Зеро рӯй овардану арҷ гузоштан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақомӯзӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайр ва, ҳамзамон, заминаи қавӣ барои ояндаи дурахшони миллат маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеа, хосса насли наврас, мегардад. 
Боиси сарфарозист, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар тамоми манотиқи кишвар   Ҷашни Сада ҳамасола ҷолибу рангин ва пуршукӯҳу  хотирмон  таҷлил  мегардад.  Иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии деҳқонон ба киштукори баҳорӣ, мужда аз омад-омади  Наврӯзи Аҷам  мебошад. 
Гуфта шуд, ки дар баробари деҳқонон ва кишоварзон ҳар як сокини ватандӯстро зарур аст, дар ободониву созандагӣ, тоза нигоҳ доштани гирду атроф саҳми босазо гузошта, бунёдкориро мароми хеш қарор диҳад. 
Дар идомаи чорабинӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, ҳамзамон, як қатор фаъолон бо сипосномаи раиси вилоят сарфароз шуданд. 
Барномаи рангини аҳли ҳунари вилоят  анҷомбахши  чорабинӣ гардид. 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.02.2025 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив